https://sputnik.tj/20210619/mohru-halimova-medali-birinjii-chempionati-osiyo-1040312061.html
Моҳру Ҳалимова барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё шуд
Моҳру Ҳалимова барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар чемпионати Осиё дар риштаи таеквандо аз миёни тими Тоҷикистон танҳо як нафар медал ба даст овард
2021-06-19T12:48+0500
2021-06-19T12:48+0500
2021-06-19T12:48+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
осиё
чемпионат
таэквандо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/13/1040311945_0:0:751:423_1920x0_80_0_0_2bd996d812401791fc009dd4ec67c25e.png
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Моҳру Ҳалимова, узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар риштаи таеквондо дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд.Ба иттилои манбаъ, Чемпионати Осиё оид ба таеквондо 16-18 июн дар шаҳри Бейрути Лубнон бо иштироки 186 варзишгар аз 30 давлат баргузор шуд.Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки Моҳру Ҳалимова дар вазни то 67 кило муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Корея, Сонг Да Бин дастболо шуд. Сипас ӯ дар нимфинал аз варзишгари Урдун, Ҷулйана Содиқ шикаст хӯрд ва ҷои сеюмро гирифт.Ин ниҳод афзуд, варзишгарони дигари ҷумҳурӣ - Шоҳрух Баротов (вазни -58кг), Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-80кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74кг), Муниса Ойматова (-49кг) пас як пирӯзӣ дар чорякфинал, Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68кг) ва Муниса Исматова (-62кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.Зикр шудааст, ки ду довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон - Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров мусобиқотро дар ин чемпионат ҳакамӣ намуданд. Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, варзишгарони ҷумҳурӣ, ҳамчунин 19-21 июн дар мусобиқаи байналмилалӣ – “Beirut Open” ширкат мекунанд.
https://sputnik.tj/20160501/1019459791.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/13/1040311945_25:0:692:500_1920x0_80_0_0_53b6c066a3ce5bdd957b937d80319194.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
моҳру ҳалимова, чемпионати осиё, қаҳрамонӣ, медал, биринҷӣ, таэквандо
моҳру ҳалимова, чемпионати осиё, қаҳрамонӣ, медал, биринҷӣ, таэквандо
Моҳру Ҳалимова барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё шуд
Дар чемпионати Осиё дар риштаи таеквандо аз миёни тими Тоҷикистон танҳо як нафар медал ба даст овард
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Моҳру Ҳалимова, узви дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ дар риштаи таеквондо дар Чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, Чемпионати Осиё оид ба таеквондо 16-18 июн дар шаҳри Бейрути Лубнон бо иштироки 186 варзишгар аз 30 давлат баргузор шуд.
Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки Моҳру Ҳалимова дар вазни то 67 кило муҳорибаро аз даври чорякфинал оғоз карда, бар намояндаи Корея, Сонг Да Бин дастболо шуд. Сипас ӯ дар нимфинал аз варзишгари Урдун, Ҷулйана Содиқ шикаст хӯрд ва ҷои сеюмро гирифт.
Ин ниҳод афзуд, варзишгарони дигари ҷумҳурӣ - Шоҳрух Баротов (вазни -58кг), Муҳаммадҳасан Шоҳмаҳмадов (-80кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74кг), Муниса Ойматова (-49кг) пас як пирӯзӣ дар чорякфинал, Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68кг) ва Муниса Исматова (-62кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Зикр шудааст, ки ду довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон - Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Алиназаров мусобиқотро дар ин чемпионат ҳакамӣ намуданд.
Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, варзишгарони ҷумҳурӣ, ҳамчунин 19-21 июн дар мусобиқаи байналмилалӣ – “Beirut Open” ширкат мекунанд.