https://sputnik.tj/20210618/vaksinzani-tabibi-tojik-1040302291.html
Ваксинзанӣ хатарзо аст? Посухи табиби тоҷик
Ваксинзанӣ хатарзо аст? Посухи табиби тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Ба қавли ӯ ваксин наметавонад нафареро бемор кунад
2021-06-18T17:30+0500
2021-06-18T17:30+0500
2021-08-10T17:02+0500
тандурустӣ
дар русия
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102142/56/1021425699_0:0:1045:588_1920x0_80_0_0_16525f4dbc00a4f36bd167c826997030.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Абдулло Давлатов табиби тоҷики муқими Маскав ва роҳбари пешини ҷамъияти тоҷикон шарҳ додааст, ки эмкунӣ аз коронавирус кадом оқиабатҳоро барои саломатӣ дошта метавонад ва барои чӣ.Табиб дар посте, ки дар Фейсбук навиштааст, таъкид кардааст, ки чанд рӯзи ахир аз вай бисёр дар бораи он мепурсанд, ки оё ваксинзанӣ аз коронавирус хатарзо аст.Ӯ пеш аз ҳама таъкид кардааст, ки сатҳи миёнаи марг аз КОВИД-19 7 дарсадро ташкил медиҳад. Нисфи нафароне, ки ин бомориро аз сар гузарониданд, ин ё он узви баданашон осеб мебинад, ки он пурра барқарор нахоҳад шуд, афзудааст Давлатов.Дар ҳамин ҳол, таъсири манфии аз истифодаи ваксини SARS-Co-2 дар умум ҳамагӣ 5-7 дарсадро ташкил медодааст."Барои ҳамин, бояд қадй кард, ки ҳар яки мо интихоб дорем - ё зери таҳдиди бузург қарор мегирем ва аз ваксинзанӣ даст мекашем, ё он хатарро то 5-7 дарсад кам мекунем ва ваксин мегирем", - қайд мекунад табиби тоҷик.Ҳамчунин ӯ шарҳ додааст, ки агар дар пайи ваксинзанӣ таъсири манфӣ ба организм ҳам ба қайд гирифта шуд, он аз ваксин нест.Бояд дар назар дошт, ки ин таъсирҳои манфӣ - ин маънои бемор шуданро надорад ва онҳо ба саломатӣ хатар надоранд. Агар нафаре баъди ваксинзанӣ бемор ҳам шуд, барои он нест, ваксин ба саломатӣ зарар дорад", - шарҳ медиҳад Абдулло ДавлатовЁдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар Русия муҳоҷиронро низ аз коронавирус ваксин мекунанд. Шаҳрдори пойтахти Русия, Сергей Собянин дар блоги худ маълумоти навро дар бораи вазъи афзоиши бемории сирояти коронавирус нашр кард.Собянин аз ҷумла тавзеҳ дод, ки оё Маскав муҳоҷирони кориро эм мекунад ё на.Шаҳрдори Маскав ба оғози истеҳсоли ваксинаҳои "Спутник Лайт" таваҷҷуҳ зоҳир кард."Ба эҳтимоли зиёд, мо барои истифодаи он барои эмгузаронии муҳоҷирон иҷозат мегирем", - навиштааст Собянин.
https://sputnik.tj/20210617/bonki-rushdi-osiyo-tojikiston-haridi-vaksina-korona-kumak-1040270563.html
https://sputnik.tj/20210616/faolon-jamiyati-tojikon-uzbek-rusiya-huddori-muhojiron-emguzaroni-1040240820.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102142/56/1021425699_0:0:1045:784_1920x0_80_0_0_61b19795ed677d1825334adc5cbac894.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
абдулло давлатов ваксин
Ваксинзанӣ хатарзо аст? Посухи табиби тоҷик
17:30 18.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Табиби тоҷик, мудири шӯъбаи терапевтии дармонгоҳи Маскав шарҳ дод, ки дар кадом ҳолат эмкунӣ аз коронавирус хатарзо мешавад
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Абдулло Давлатов табиби тоҷики муқими Маскав ва роҳбари пешини ҷамъияти тоҷикон шарҳ додааст, ки эмкунӣ аз коронавирус кадом оқиабатҳоро барои саломатӣ дошта метавонад ва барои чӣ.
Табиб дар посте, ки дар Фейсбук навиштааст, таъкид кардааст, ки чанд рӯзи ахир аз вай бисёр дар бораи он мепурсанд, ки оё ваксинзанӣ аз коронавирус хатарзо аст.
Ӯ пеш аз ҳама таъкид кардааст, ки сатҳи миёнаи марг аз КОВИД-19 7 дарсадро ташкил медиҳад.
Нисфи нафароне, ки ин бомориро аз сар гузарониданд, ин ё он узви баданашон осеб мебинад, ки он пурра барқарор нахоҳад шуд, афзудааст Давлатов.
"Дар умум қариб нафаре нест, ки бемор шудаву тавонистааст, ки аз SAR S-Co-2 бе ягон оқибат ба организм халос шавад", - гуфтааст ӯ.
Дар ҳамин ҳол, таъсири манфии аз истифодаи ваксини SARS-Co-2 дар умум ҳамагӣ 5-7 дарсадро ташкил медодааст.
"Барои ҳамин, бояд қадй кард, ки ҳар яки мо интихоб дорем - ё зери таҳдиди бузург қарор мегирем ва аз ваксинзанӣ даст мекашем, ё он хатарро то 5-7 дарсад кам мекунем ва ваксин мегирем", - қайд мекунад табиби тоҷик.
Ҳамчунин ӯ шарҳ додааст, ки агар дар пайи ваксинзанӣ таъсири манфӣ ба организм ҳам ба қайд гирифта шуд, он аз ваксин нест.
Бояд дар назар дошт, ки ин таъсирҳои манфӣ - ин маънои бемор шуданро надорад ва онҳо ба саломатӣ хатар надоранд. Агар нафаре баъди ваксинзанӣ бемор ҳам шуд, барои он нест, ваксин ба саломатӣ зарар дорад", - шарҳ медиҳад Абдулло Давлатов
Вай меафзояд, "ин камбудии духтурест, ки махсусиятҳои организм ва беморҳои барангезандаро ба назар нагирифтааст".
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар Русия муҳоҷиронро низ аз коронавирус ваксин мекунанд.
Шаҳрдори пойтахти Русия, Сергей Собянин дар блоги худ маълумоти навро дар бораи вазъи афзоиши бемории сирояти коронавирус нашр кард.
Собянин аз ҷумла тавзеҳ дод, ки оё Маскав муҳоҷирони кориро эм мекунад ё на.Шаҳрдори Маскав ба оғози истеҳсоли ваксинаҳои "Спутник Лайт" таваҷҷуҳ зоҳир кард.
"Ба эҳтимоли зиёд, мо барои истифодаи он барои эмгузаронии муҳоҷирон иҷозат мегирем", - навиштааст Собянин.