Сатҳи болои об назорат мешавад: имзои санад миёни Тоҷикистону Финландия

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПодпись документа, архивное фото
Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Обуна шудан
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финляндия SYKE оид ба рушди мониторинги сатҳи болои об дар Тоҷикистон санади ҳамкорӣ имзо карданд
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финляндия SYKE оид ба рушди мониторинги сатҳи болои об дар Тоҷикистон тавассути идоракунии сифати об ва ҳамкорӣ (марҳилаи 2) Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумита.
Таъкид шудааст, ки санади мазкурро раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва аз ҷониби Финляндия сафири Вазорати корҳои хориҷии Финляндия Мария Лийвала ба имзо расониданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки ин санад зимни вохӯрии маҷозии Баҳодур Шерализода ва Мария Лийвала имзо гардид.
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2020
Таъини сафирони Тоҷикистон дар Норвегияю Финландия ва нафақаи Ҳикматзода
Қайд шудааст, ки ҳадафи асосии лоиҳа тақвияти иқтидори мутахассисони лабораторияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон (озмоишгоҳи Маркази назорати таҳлилӣ, озмоишгоҳи обҳои рӯизаминии Агентии гидрометеорология ва лабораторияҳои минтақавӣ), ки мунтазам сифати обро таҳлил мекунанд, мебошад.
“Кор дар ин самт бояд бо назардошти стандартҳои байналмилалии мониторинги сифати обҳои рӯизаминӣ идома дода шавад. Ёддошти тафоҳум татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳа - давраи солҳои 2021-2023-ро пешбинӣ намудааст”, - зикр намудааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки лоиҳаи мазкур бо кумаки молиявии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия амалӣ карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0