Таъини сафирони Тоҷикистон дар Норвегияю Финландия ва нафақаи Ҳикматзода

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сафирони кишвар дар шоҳигарии Норвегия ва Финландияро таъин кард

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Тибқи фармони раисиҷумҳур, Қаландар Идибек – сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии Австрия ҳамзамон сафир дар Шоҳигарии Норвегия таъин гардид.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Аз вакилӣ ба раисӣ ва баръакс: тафсилоти тағйироти кадрӣ

Бо фармони дигари Эмомалӣ Раҳмон, сафири Тоҷикистон дар Белорусия - Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Финляндия таъин гардид.

Дар баробари ин бо қарори Ҳукумат, Каримзода Ардашер Исмон муовини мудири муассисаи “Телевизиони Сафина” таъин гардид. Ӯ дар мақоми мудири “Телевизиони Сафина”, Ҳикматзода Абдусамад Ҳайдарро иваз кард, ки бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа озод карда шуд.

Инчунин Нуралӣ Марҳабо Мир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини якуми мудири кулли КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, озод гардида, ба ҷои ӯ Саидзода Баҳром Барот таъин шуд.

Мирзозода Низом Юсуфӣ низ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон озод карда шудааст, аммо дар бораи мақоми нави ӯ то ҳол иттилоъ дода нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0