https://sputnik.tj/20210618/mirziyoev-duhtar-rahmon-sher-qadrdoni-1040291517.html
Мирзиёев духтареро, ки дар васфи ӯву Раҳмон шеър хонд, қадрдонӣ кард
Мирзиёев духтареро, ки дар васфи ӯву Раҳмон шеър хонд, қадрдонӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Наврӯза Мамирова дар ҳузури раисҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар васфи онҳо шеъри ширу шакар хонда буд 18.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-18T13:55+0500
2021-06-18T13:55+0500
2021-06-18T14:05+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
ӯзбекистон
нишон
шавкат мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040290709_0:85:1643:1009_1920x0_80_0_0_f15b4053d887c689d6df44f7f0b976cc.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Шавкат Мирзиёев як духтари тоҷикистонӣ, ровии телевизиони вилоятии Суғд Наврӯза Мамироваро, ки ҳангоми сафараш ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар васфаш шеър хонда буд, қадрдонӣ кардааст.Дар ин бора блогер ва рӯзноманигори тоҷик Озод Мелибоев дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.Бино бар иттилои вай, ба Наврӯза аз тарафи Ҳукумати Ӯзбекистон нишони сарисинагии "Ӯзбекистон белгиси" ва туҳфаи президенти Ӯзбекистон супорида шуд.Нишон ва тӯҳфаҳоро сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов пас аз як ҳафтаи сафари Мизиёев ба Тоҷикистон ба Мамирова супурдааст.Ҳамчунин дар маросими супурдани он муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, адибон, рӯзноманигорон, ректорони мактабҳои олӣ ва пайвандони ин Наврӯза ҳузур доштанд. Ёдрас мешавем, раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи барномаи кории худ 11 июн бо зиёиёни ду кишвар дар Қасри маданияти “Арбоб” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот оростанд.Дар ин мулоқот Наврӯза Мамирова, муҳаррир ва барандаи телевизиони вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ кард.Сӯханронии ӯ аз дигарон бо он фарқ дошт, ки ҳам тоҷикӣ буду ҳам ӯзбекӣ.Қироати мисраъҳои як шеър бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар васфи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ин ду президентро ба ваҷд овард, онҳо ва ҳама аҳли толор аз ҷой хестанд ва кафкубӣ карданд.Шавкат Мирзиёев гуфт, хушбахтии оила аз табъи зан вобаста астАз аксҳое, ки хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонидаанд, дида мешавад, ки баъди анҷоми мулоқот президентҳо ба назди муҳаррир ва барандаи ТВ Суғд омада, ба маҳорати шеърхонияш аҳсану офарин хонданд.Субҳи 11 июн Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафараш ба Тоҷикистон аз Душанбе ба Хуҷанд рафт. Ин аввалин сафари ӯ ба ин шаҳри шимоли Тоҷикистон гуфта мешавад. Ӯро дар ин сафараш раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ намуд.
https://sputnik.tj/20210611/sherhonii-navruza-rahmonu-mirziyoev-ahli-tolor-hezond--1040168311.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040290709_92:0:1551:1094_1920x0_80_0_0_e399fc176fcc9d19b94e121ea6b92550.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, ӯзбекистон, нишон, шавкат мирзиёев
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, ӯзбекистон, нишон, шавкат мирзиёев
Мирзиёев духтареро, ки дар васфи ӯву Раҳмон шеър хонд, қадрдонӣ кард
13:55 18.06.2021 (Навсозишуда: 14:05 18.06.2021) Наврӯза Мамирова дар ҳузури раисҷумҳурони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар васфи онҳо шеъри ширу шакар хонда буд
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Шавкат Мирзиёев як духтари тоҷикистонӣ, ровии телевизиони вилоятии Суғд Наврӯза Мамироваро, ки ҳангоми сафараш ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар васфаш шеър хонда буд, қадрдонӣ кардааст.
Дар ин бора блогер ва рӯзноманигори тоҷик Озод Мелибоев дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.
Бино бар иттилои вай, ба Наврӯза аз тарафи Ҳукумати Ӯзбекистон нишони сарисинагии "Ӯзбекистон белгиси" ва туҳфаи президенти Ӯзбекистон супорида шуд.
Нишон ва тӯҳфаҳоро сафири Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов пас аз як ҳафтаи сафари Мизиёев ба Тоҷикистон ба Мамирова супурдааст.
Ҳамчунин дар маросими супурдани он муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, адибон, рӯзноманигорон, ректорони мактабҳои олӣ ва пайвандони ин Наврӯза ҳузур доштанд.
Ёдрас мешавем, раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тибқи барномаи кории худ 11 июн бо зиёиёни ду кишвар дар Қасри маданияти “Арбоб” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот оростанд.
Дар ин мулоқот Наврӯза Мамирова, муҳаррир ва барандаи телевизиони вилояти Суғд иштирок ва суханронӣ кард.
Сӯханронии ӯ аз дигарон бо он фарқ дошт, ки ҳам тоҷикӣ буду ҳам ӯзбекӣ.
Қироати мисраъҳои як шеър бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дар васфи Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ин ду президентро ба ваҷд овард, онҳо ва ҳама аҳли толор аз ҷой хестанд ва кафкубӣ карданд.
Аз аксҳое, ки хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расонидаанд, дида мешавад, ки баъди анҷоми мулоқот президентҳо ба назди муҳаррир ва барандаи ТВ Суғд омада, ба маҳорати шеърхонияш аҳсану офарин хонданд.
Субҳи 11 июн Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафараш ба Тоҷикистон аз Душанбе ба Хуҷанд рафт. Ин аввалин сафари ӯ ба ин шаҳри шимоли Тоҷикистон гуфта мешавад. Ӯро дар ин сафараш раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳӣ намуд.