Маҷлиси саҳмдорони "Роғун" таҳти раёсати Расулзода ва интихоби аъзои Шӯрои нозирон

© Sputnik / Амир ИсаевПремьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Обуна шудан
Дар ин маҷлис аъзоёни нав интихоб гардида аудитор ва подошпӯлӣ тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон, раиси Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Неругоҳи барқи обии "Роғун" Қоҳир Расулзода маҷлиси умумии солонаи саҳмдорон баргузор гардид.
Дар ин маҷлис 10 масъала баррасӣ шуд.
Дар маҷлис ҳисоботи солона, муҳосибавӣ ва тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии нерӯгоҳ барои соли 2020 шунида шудааст ва хулосаи аудитори ҷамъияти мазкур барои соли 2020 пешниҳод гардидааст, менависад АМИТ "Ховар".
Открытие нового моста между селом Панджарийон села Гафор-Мирзо Ховалингского района и селом Синджи Муминободского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Оғози сохтмони роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод: дастури Раҳмон барои назорати ҷиддии сифат
Ҳамчунин оид ба зиёд намудани сармояи оинномавии нерӯгоҳ ва ворид намудани тағйирот ба Оинномаи ҷамъият қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар баробари ин, лоиҳаи қарордоди лоти 3 "Сохтмони иншооти соҳили рост"-и Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" байни фармоишгари сохтмони иншоот — Ҷамъияти саҳомии "Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ва пудратчии генералии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" аз рўи лоти 3 — Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷикгидроэлектромонтаж" маъқул дониста шудааст.
Манбаъ афзуда, ки аъзои Шӯрои нозирон, Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи баҳисобгирии ҷамъият интихоб гардида, аудитори ҶСК "Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" барои соли 2021 ва подошпулии он тасдиқ карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0