Кремл сабаби авҷи коронавирус дар Русияро шарҳ дод

© Sputnik / Grigory Sysoev / Гузариш ба медиабонкПассажиры на станции метро "Комсомольская" в Москве
Пассажиры на станции метро Комсомольская в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Обуна шудан
Қаблан роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова изҳор дошт, ки сабаби авҷи ин вирус дар Русия ба "шаккокии кулл" дар робита ба тадбирҳои муҳофизатӣ рабт дорад
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Сабаби афзоиши бемории COVID-19 дар Русия "шаккокии кулл", сатҳи пасти ваксингирӣ ва "маккорӣ" - и худи вирус мебошад, гуфт котиби матбуоти Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков ба хабарнигорон.
Қаблан роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова афзоиши бемории коронавирусро бо "нигилизми кулл" дар робита бо тадбирҳои муҳофизатӣ рабт дод.
Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Кремл низ изҳороти Поповаро қабул кард ва гуфт маҳз бархӯрди нодурусти мардум ба ин вирус сабаби авҷ гирифтани он гардид.
Посетители у входа в Московский зоопарк, закрытый из-за коронавирусных ограничений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Дар Маскав маҳдудиятҳои коронавирусӣ тамдид карда шуданд
Илова бар ин, Песков қайд кард, ки ҷараёни сусти ба роҳ мондани маъракаи ваксингирӣ аз сабабҳои дигари хуруҷи ин вирус дар Русия гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки шабонарӯзи гузашта дар Русия беш аз 17 ҳазор ҳолати нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Ҳамзамон, беш аз 9 ҳазор ҳолат танҳо дар пойтахт, шаҳри Маскав сабт шуд, ки аз авоили авҷи вируси COVID - 19 бесобиқа аст.
Баландтарин нишондоди ин маризӣ дар Маскав 24 декабри соли гузашта сабт гардид, ки он замон дар як рӯз беш аз 8 ҳазор нафар тоза олудаи ин беморӣ гардиданд.
Дар 24 соати ахир, беш аз 400 дардманди коронавирус дар Русия ҷон аз даст доданд.
Лентаи хабарҳо
0