Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Дар Маскав маҳдудиятҳои коронавирусӣ тамдид карда шуданд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкПосетители у входа в Московский зоопарк, закрытый из-за коронавирусных ограничений
Посетители у входа в Московский зоопарк, закрытый из-за коронавирусных ограничений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Обуна шудан
Тибқи фармони мири шаҳр Сергей Собянин, маҳдудиятҳо дар Маскав то 29 июн тамдид карда шуданд
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Дар Маскав маҳдудиятҳо дар робита ба паҳн шудани штаммҳои нави коронавирус шадидтар карда шуданд.
Мувофиқи фармони шаҳрдорӣ Сергей Собянин, маҳдудиятҳо то 29 июн тамдид карда шуданд.
Ҳамин тавр, аз 19 июн теъдоди ҳадди аққали тамошобинон дар консертҳо ва чорабиниҳои фароғатӣ ҷорӣ карда шудааст. Акнун созмондиҳандагон наметавонанд беш аз ҳазор нафарро дар толор ҷой диҳанд.
Гости на узбекской свадьбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Манъи баргузории арӯсӣ ва дигар чорабиниҳои оммавӣ дар Ӯш
Вале театрҳо ва кинотеатрҳои шаҳри Маскав ба кори худ идома медиҳанд.
Бо сабаби паҳн шудани коронавирус, мақомоти шаҳр майдонҳои рақсӣ ва минтақаҳои мухлисонро барои ҳаводорони Ҷоми Аврупо - 2020 бастанд.
Маҳдудиятҳои нави ковидӣ бастани майдончаҳо ва утоқҳои бозиро барои 10 рӯз дар назар доранд.
Фармони Собянин дар бораи аҳамияти эмкунӣ низ таъкид мекунад. Ғайр аз ин, Собянин реҷаи дуркориро дар Маскав бекор кард.
Аз 21 июн ҳамаи кормандон муваззафанд, ки ба коргоҳҳо раванд.
В Сан-Марино открылся прививочный туризм для желающих вакцинироваться Спутником V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2021
Муҳоҷиронро дар Маскав эм мекунанд
Дар Русия ҳафтаҳои ахир вазъи коронавирус якбора бад шуд. Мақомоти Маскав вазъро шадид арзёбӣ карданд.
Тибқи омори 18 июн, дар Русия дар як рӯз беш аз 17 ҳазор нафар сироят ёфта, танҳо дар Маскав тақрибан 9 ҳазор нафар гирифтори вируси корона шудааст.
Дар умум дар Русия беш аз 5,2 миллион ҳолати коронавирус ба қайд гирифта шудааст. 127 ҳазор нафар қурбони ин беморӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0