Бидуни волидон: кӯдаки якмоҳа 30 дақиқа дар лифт дармонд - дар Душанбе

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкКабина лифта, архивное фото
Кабина лифта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Обуна шудан
Бе роҳбаладии калонсолон танҳо равон кардани кӯдакон дар лифт мумкин нест. Волидон бояд ин қоидаи нонавиштаро донанд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Дар Душанбе кӯдаки 1-моҳа, 30 дақиқа дар лифте, ки ҳангоми ҳаракат вайрон шуд, дармонд. Волидони тифл ҳамроҳаш набуданд.
Дар бораи наҷоти навзод ва хоҳари 8-солаи кӯдак, ки ӯро ҳамроҳӣ мекардааст, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст.
Манбаъ менависад, 25.05.2021 соати 20:40 дақиқа як сокини ноҳияи Синои пойтахт ба қисми навбатдорӣ хабар дод, ки лифти баландошёна дар кӯчаи Асадулло Ғуломов вайрон шудааст ва ду фарзанди ӯ дар дохили он мондаанд.
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2021
Ғарқшавии пирамард ва кӯдаки 4-сола дар Роштқалъа
Наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе соати 20:44 дақиқа ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, соати 21:09 дақиқа дари лифтро кушода, шаҳрвандонро бароварданд.
Кумита таъкид мекунад, ки бе роҳбаладии калонсолон танҳо равон кардани кӯдакон дар лифт мумкин нест.
"Волидон бояд ин қоидаи нонавиштаро донанд. Ногаҳон аз кор мондани лифт, бахусус дар шаб, ки кам касон хабар меёбанд, боиси тарсу ҳарос мешавад ва оқибати нохӯши равонӣ дошта метавонад", - афзудааст КҲФ.
Лентаи хабарҳо
0