https://sputnik.tj/20210618/habib-golovkin-maslihat-1040286279.html
Ҳабиб ба Головкин маслиҳат дод, ки блогерҳоро кӯбад ва пул кор кунад
Ҳабиб ба Головкин маслиҳат дод, ки блогерҳоро кӯбад ва пул кор кунад
Sputnik Тоҷикистон
Паҳлавони афсонавии ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар Алмаато нишасти матбуотӣ доир кард ва он ҷо ба ҳайси меҳмон ба мусобиқаи ҳунарҳои муҳорибаи омехта ширкат намуд
2021-06-18T11:11+0500
2021-06-18T11:11+0500
2021-06-18T11:31+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ринг
ҳабиб нурмуҳаммадов
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033047535_0:0:2669:1501_1920x0_80_0_0_c0ec5367246939342b4d5a71a3780d21.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Варзишкори ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар ин назар аст, ки муштзани қазоқ Геннадий Головкин бояд карераи варзишии худро ба поён расонад. Дар нишасти матбуотӣ дар Алмаато аз Ҳабиб пурсиданд, ки ӯ ояндаи Головкини 39-соларо чӣ гуна мебинад? Вай қайд кард, ки бо Геннадий Головкин ошно буд ва танҳо як бор мулоқот кардааст. "Фикри ман: вай дар соли 2004 дар Олимпиада дар финал буд ва ҳоло соли 2021 аст - қариб 20 сол сипарӣ шуд. Ӯ метавонад як ҷанг карда, пул кор кунад, ба истилоҳ барои замони пирӣ ва тамом. Ин аст маслиҳати шахсии ман", - гуфт Ҳабиб Нурмуҳаммадов. Вай инчунин қайд кард, вақте синну соли одам аллакай аз 35 боло аст, набояд бо чунин намуди варзиш машғул шавад, алахусус дар вазнҳои сабук. "Вай оила дорад, ҳаёт дар пеш аст, тиҷорат, бояд ҳаракат кунад. Бокс як намуди варзиши хатарнок аст. Агар дар MMA шумо ҷароҳатҳои мушакӣ бардоред, пас дар муштзанӣ метавонад саратон мушкилот дошта бошад", - гуфт ӯ. "Маслиҳати бародаронаи ман ин аст, ки як ду бори дигар барои кор кардани пул вориди ринг шавад. Метавонад блогерҳоро бизанад, шумораи онҳо камтар мешавад ва пул кор кунад. Бо чунин шербачаҳо мисоли Канело, ки 27 -30-солаанд ва дар авҷи карераи худ ҳастанд, мубориза бурдан арзиш надорад. Вай аллакай легенда аст. Новобаста аз он ки ӯ Канелоро шикаст медиҳад ё хайр, мероси ӯ боқӣ хоҳад монд", - хулоса кард Ҳабиб Нурмуҳаммадов.
https://sputnik.tj/20210516/habib-qahramon-navi-ufc-video-1039479836.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/16/1033047535_0:0:2669:2003_1920x0_80_0_0_cb3baf98182c7ef1f0e3b5a3926180b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳабиб нурмуҳаммадов, варзиш, октагон, ринг, головкин, маслиҳат
ҳабиб нурмуҳаммадов, варзиш, октагон, ринг, головкин, маслиҳат
Ҳабиб ба Головкин маслиҳат дод, ки блогерҳоро кӯбад ва пул кор кунад
11:11 18.06.2021 (Навсозишуда: 11:31 18.06.2021) Паҳлавони шинохтаи ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар Алмаато нишасти матбуотӣ доир кард ва он ҷо ба ҳайси меҳмон дар мусобиқаи ҳунарҳои размии омехта ширкат намуд
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Варзишкори ММА Ҳабиб Нурмуҳаммадов бар ин назар аст, ки муштзани қазоқ Геннадий Головкин бояд карераи варзишии худро ба поён расонад.
Дар нишасти матбуотӣ дар Алмаато аз Ҳабиб пурсиданд, ки ӯ ояндаи Головкини 39-соларо чӣ гуна мебинад? Вай қайд кард, ки бо Геннадий Головкин ошно буд ва танҳо як бор мулоқот кардааст.
"Фикри ман: вай дар соли 2004 дар Олимпиада дар финал буд ва ҳоло соли 2021 аст - қариб 20 сол сипарӣ шуд. Ӯ метавонад як ҷанг карда, пул кор кунад, ба истилоҳ барои замони пирӣ ва тамом. Ин аст маслиҳати шахсии ман", - гуфт Ҳабиб Нурмуҳаммадов.
Вай инчунин қайд кард, вақте синну соли одам аллакай аз 35 боло аст, набояд бо чунин намуди варзиш машғул шавад, алахусус дар вазнҳои сабук.
"Вай оила дорад, ҳаёт дар пеш аст, тиҷорат, бояд ҳаракат кунад. Бокс як намуди варзиши хатарнок аст. Агар дар MMA шумо ҷароҳатҳои мушакӣ бардоред, пас дар муштзанӣ метавонад саратон мушкилот дошта бошад", - гуфт ӯ.
"Маслиҳати бародаронаи ман ин аст, ки як ду бори дигар барои кор кардани пул вориди ринг шавад. Метавонад блогерҳоро бизанад, шумораи онҳо камтар мешавад ва пул кор кунад. Бо чунин шербачаҳо мисоли Канело, ки 27 -30-солаанд ва дар авҷи карераи худ ҳастанд, мубориза бурдан арзиш надорад. Вай аллакай легенда аст. Новобаста аз он ки ӯ Канелоро шикаст медиҳад ё хайр, мероси ӯ боқӣ хоҳад монд", - хулоса кард Ҳабиб Нурмуҳаммадов.