https://sputnik.tj/20210618/dushanbe-maghoza-khurokvoriro-ghorat-1040289626.html
Дар Душанбе мағозаи хӯроквориро ғорат карданд
Дар Душанбе мағозаи хӯроквориро ғорат карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят як ҷавони 28-сола дастгир шуд
2021-06-18T12:49+0500
2021-06-18T12:49+0500
2021-07-07T18:37+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
дуздӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/18/1039707554_0:0:2962:1666_1920x0_80_0_0_5b825e6969af818109b5428fd35ab6c6.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Дар Душанбе мағозаи хӯроквории як сокини пойтахтро ғорат карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.Бино бар иттилои манбаъ, ҷиноят охирҳои моҳи май содир шуда, гумонбари он акнун дастгир шудааст.Гуфта мешавад, марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 (дуздӣ) ва 237 (авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.Номбурда, рӯзи 31-уми майи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквории марди 32-солаи сокини пойтахт шудааст.Зарари расонидашуда 4 ҳазору 291 сомониро ташкил медиҳад.Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.Сабзии “эронӣ” ҳам кор надод: нарх ҳамоно 10 сомонӣ астЁдрас мешавем, моддаи 244 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (дуздӣ) барои содир кардани ин ҷиноят ҷарима ба андозаи панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.Барои такроран содир кардани он бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
https://sputnik.tj/20200429/Du-sokini-Norak-baroi-duzdii-mahsuloti-khurokvori-bozdosht-shudanad-1031149383.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/18/1039707554_231:0:2962:2048_1920x0_80_0_0_09d5195eacbd5f13c22a4fc8415a7b71.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе вкд дуздӣ хӯрокворӣ
душанбе вкд дуздӣ хӯрокворӣ
Дар Душанбе мағозаи хӯроквориро ғорат карданд
12:49 18.06.2021 (Навсозишуда: 18:37 07.07.2021) Бо гумони даст доштан дар дуздӣ марде дастгир шудааст, ки пештар айнан бо ҳамин ҷурм суд шудааст
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Дар Душанбе мағозаи хӯроквории як сокини пойтахтро ғорат карданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҷиноят охирҳои моҳи май содир шуда, гумонбари он акнун дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 (дуздӣ) ва 237 (авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 31-уми майи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквории марди 32-солаи сокини пойтахт шудааст.
"Аз он ҷо 706 сомонӣ ва маҳсулоти гуногуни хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - менависад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 291 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ёдрас мешавем, моддаи 244 - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (дуздӣ) барои содир кардани ин ҷиноят ҷарима ба андозаи панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду солро пешбинӣ мекунад.
Барои такроран содир кардани он бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.