Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Сафар накунед: ҳушдори ситод аз вазъи мураккаби эпидемиологӣ дар Бишкек ва Ӯш

© Sputnik / Табылды КадырбековМедсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото
Медсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Обуна шудан
Вазъи эпидемиологӣ дар шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва вилоятҳои Чую Ӯш мураккаб шудааст
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ситоди оперативии ҷумҳуриявӣ тавсия медиҳад, ки ҳаракат ба шаҳрҳои Бишкек ва Ӯш, минтақаҳои Чу ва Ӯш маҳдуд карда шавад, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти Девони вазирон.
Қайд карда мешавад, ки дар ин минтақаҳо вазъи мураккаби эпидемиологӣ ба амал омадааст - вақтҳои охир шумораи гирифторони коронавирус афзоиш ёфтааст.

"Ситоди оперативии ҷумҳуриявӣ тавсия медиҳад, шаҳрвандоне, ки дар дигар минтақаҳо зиндагӣ мекунанд, то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ аз сафар ба минтақаҳои дар боло номбаршуда худдорӣ намоянд", - омадааст дар иттилоия.

Ситод аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои санитариро, ки пӯшидани ниқоби тиббӣ, безараргардонии дастҳо ва нигоҳ доштани масофаи иҷтимоиро дар бар мегиранд, ба таври қатъӣ риоя кунанд.
Ғайр аз ин, тавсия дода мешавад, ки мардум аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ ва дидор дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ, ки шумораи зиёди мардум ҷамъ мешаванд, худдорӣ кунанд.
Открытие нового пункта вакцинации от COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Қирғизистон тирамоҳ навъи вазнини COVID пайдо мешавад - шарҳи вазир
Бояд гуфт, шабонарӯзи гузашта танҳо дар шаҳри Бишкек 368 ҳолати нави гирифторӣ ба вируси корона ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳри Ӯш бошад, ин нишондод ба 97 нафар баробар шудааст. Дар вилояти Чӯй дар давоми 24 соати гузашта, 130 кас аз вируси корона сироят шудааст.
Дар умум дар давоми як шабонарӯз дар Қирғизистон 787 кас гирифтори вируси корона гардидааст. Аз аввали пандемия то имрӯз дар ин кишвар 112 777 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона сабт шудааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Вазорати тандурустии Қирғизистон аз зуҳури мавҷи сеюми коронавирус дар ин кишвар хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0