https://sputnik.tj/20210617/tojikiston-covid-19-hast-yo-nest-1040271781.html
Дар Тоҷикистон COVID-19 ҳаст ё не: посухи сухангӯи Вазорати тандурустӣ
Дар Тоҷикистон COVID-19 ҳаст ё не: посухи сухангӯи Вазорати тандурустӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати бещдошти Тоҷикистон мегӯяд, кишвар аз COVID-19 орӣ аст ва овозаҳо дар бораи вуҷуди ин беморӣ бепоя мебошад
2021-06-17T15:46+0500
2021-06-17T15:46+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
дар тоҷикистон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1f/1031819772_0:0:1798:1012_1920x0_80_0_0_05eb43182ade1e9426ed3626f286f6f9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон вуҷуди вируси корона дар кишварро рад кард ва овозаҳо дар бораи паҳн шудани ин сироятро бепоя хонд.Сухангӯи вазорат хурӯҷи бемории пневмонияро дар кишвар ба гармшавии боду ҳаво рабт дод. Воқеан рӯзҳои охир гармии тоқатфарсо бархе аз манотиқи Тоҷикистонро фаро гирифтааст."Мардум бештар ба истеъмоли яхмос ва обҳои хунук рӯ оварданд, ки ин амал боиси ба илтиҳоби шуш гирифтор шудани онҳо гардид. Вале ин маънои онро надорад, ки ин беморон гирифторони бемории COVID-19 ҳастанд", - афзуд Мирзоев.Бино ба иттилои номбурда, феълан бемории илтиҳоби шуш бештар дар кӯдакон ва калонсолон ба қайд гирифта шудааст ва аксари онҳо аллакай бемории ковидро аз сар гузаронидаанд."Аксарияти онҳо касоне ҳастанд, ки соли гузашта, ҳангоми хурӯҷи каронавирус бемориро аз сар гузаронидаанд ва шуши онҳо пурра барқарор нашудааст. Барои пурра барқарор шудани шуш онҳо бояд зери назорати духтурон қарор гирифта, тавсияҳои онҳоро пурра риоя намоянд ва аз нӯшидани нӯшобаҳои сард ва истеъмоли яхмос даст кашанд", — таъкид кард Эмомалӣ Мирзоев.Сухангӯи Вазорат гуфт, ки муассисахои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз 3 то 10 нафарро бо нишонаҳои баландшавии ҳарорати бадан, сулфа, набудани иштиҳо ва беҳолӣ, ки аз аломатҳои асосии илтиҳоби шуш ва COVID-19 маҳсуб мешаванд, барои ташхиси COVID-19 пешниҳод мекунанд, вале хушбахтона ҳамаи он ташхисҳо манфӣ мебароянд.Аммо ба гуфти Мирзоев хурӯҷи беморӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон, Вазоратро нигарон кардааст.Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандон даъват карда, ки қоидаҳои гигиениро риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд.
https://sputnik.tj/20210617/vazi-murakkab-epidemiologi-bishkek-ush-1040262529.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1f/1031819772_0:0:1798:1350_1920x0_80_0_0_929bf181b7f64bb29fcdd73c8a3b408c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ковид, тоҷикистон, вазорати тандурутӣ, посух.
ковид, тоҷикистон, вазорати тандурутӣ, посух.
Дар Тоҷикистон COVID-19 ҳаст ё не: посухи сухангӯи Вазорати тандурустӣ
15:46 17.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, кишвар аз COVID-19 орӣ аст ва овозаҳо дар бораи вуҷуди ин беморӣ бепоя мебошад
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон вуҷуди вируси корона дар кишварро рад кард ва овозаҳо дар бораи паҳн шудани ин сироятро бепоя хонд.
"Овозаҳо дар бораи гӯё хурӯҷ кардани бемории COVID-19 дар Тоҷикистон, ки чанд рӯзи охир дар баъзе аз шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, асоси воқеӣ надоранд. Аз аввали сол то имрӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст",-гуфт сухангӯи Вазорат Эмомалӣ Мирзоев дар суҳбат бо АМИТ "Ховар".
Сухангӯи вазорат хурӯҷи бемории пневмонияро дар кишвар ба гармшавии боду ҳаво рабт дод. Воқеан рӯзҳои охир гармии тоқатфарсо бархе аз манотиқи Тоҷикистонро фаро гирифтааст.
"Мардум бештар ба истеъмоли яхмос ва обҳои хунук рӯ оварданд, ки ин амал боиси ба илтиҳоби шуш гирифтор шудани онҳо гардид. Вале ин маънои онро надорад, ки ин беморон гирифторони бемории COVID-19 ҳастанд", - афзуд Мирзоев.
Бино ба иттилои номбурда, феълан бемории илтиҳоби шуш бештар дар кӯдакон ва калонсолон ба қайд гирифта шудааст ва аксари онҳо аллакай бемории ковидро аз сар гузаронидаанд.
"Аксарияти онҳо касоне ҳастанд, ки соли гузашта, ҳангоми хурӯҷи каронавирус бемориро аз сар гузаронидаанд ва шуши онҳо пурра барқарор нашудааст. Барои пурра барқарор шудани шуш онҳо бояд зери назорати духтурон қарор гирифта, тавсияҳои онҳоро пурра риоя намоянд ва аз нӯшидани нӯшобаҳои сард ва истеъмоли яхмос даст кашанд", — таъкид кард Эмомалӣ Мирзоев.
Сухангӯи Вазорат гуфт, ки муассисахои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз 3 то 10 нафарро бо нишонаҳои баландшавии ҳарорати бадан, сулфа, набудани иштиҳо ва беҳолӣ, ки аз аломатҳои асосии илтиҳоби шуш ва COVID-19 маҳсуб мешаванд, барои ташхиси COVID-19 пешниҳод мекунанд, вале хушбахтона ҳамаи он ташхисҳо манфӣ мебароянд.
Аммо ба гуфти Мирзоев хурӯҷи беморӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон, Вазоратро нигарон кардааст.
"Мо ҳеҷ гоҳ гуфта наметавонем, ки Тоҷикистон орӣ аз каронавирус мемонад", - гуфт ӯ.
Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандон даъват карда, ки қоидаҳои гигиениро риоя намуда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд.