https://sputnik.tj/20210617/sokini-130-hazor-dollarashro-bargardonad-1040266593.html
Сокини пойтахт мехоҳад 130 ҳазор долларашро баргардонад: қарз додааст
Сокини пойтахт мехоҳад 130 ҳазор долларашро баргардонад: қарз додааст
Sputnik Тоҷикистон
Сокини пойтахт 130 ҳазор доллари худро ба марде барои равнақи тиҷорат додаасту, охирӣ онро барнагардонистааст
2021-06-17T13:17+0500
2021-06-17T13:17+0500
2021-07-21T19:10+0500
вкд
боздошт
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қарздиҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061454_0:158:1920:1238_1920x0_80_0_0_f069b0de593625e1b7557436205fe04b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сокини 35-солаи шаҳри Душанбе барои бозгардонии маблағи ҳангуфташ, ки соли гузашта ба марде қарз додааст, ба милиса муроҷиат кард.Ӯ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза муроҷиат намуда, аз ваъдахилофии марде, ки 130 ҳазор долларашро соли гузашта гирифта буд, шикоят намуд.Ҳамин тавр, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.Ҳамчунин, ин ниҳод аз боздошти сокини 18-солаи ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин ноҳия хабар медиҳад.Ин ду ҷавон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.Гуфта мешавад, ки онҳо рӯзи 11-уми июн тахминан соати 23:00, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили худрави "Опел-Астра", 1-адад ноутбук ва 1-адад айнаки мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.Тибқи иттилои манбаъ, ин худрав ба марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи мазкур тааллуқ доштааст.Зарари расонидашуда 12 ҳазору 560-сомонӣ ҳисоб карда шудааст. Вазорат мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса низ тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210605/chipta-pulro-bozdoshti-qallobi-1039989557.html
https://sputnik.tj/20210419/zane-savori-renjrover-dushanbe-megasht-muttaham-1038659774.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061454_140:0:1847:1280_1920x0_80_0_0_ad608d7d6fcc2c955a7f50000bdfab73.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарз, баргардонидан, вкд, тоҷикистон
қарз, баргардонидан, вкд, тоҷикистон
Сокини пойтахт мехоҳад 130 ҳазор долларашро баргардонад: қарз додааст
13:17 17.06.2021 (Навсозишуда: 19:10 21.07.2021) Сокини пойтахт 130 ҳазор доллари худро ба марде барои равнақи тиҷорат қарз додаасту, охирӣ онро барнагардондааст
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сокини 35-солаи шаҳри Душанбе барои бозгардонии маблағи ҳангуфташ, ки соли гузашта ба марде қарз додааст, ба милиса муроҷиат кард.
Ӯ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза муроҷиат намуда, аз ваъдахилофии марде, ки 130 ҳазор долларашро соли гузашта гирифта буд, шикоят намуд.
"Моҳи декабри соли 2020 дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт, сокини 29-солаи шаҳри Душанбе, ба бовариаш даромада, бо баҳонаи равнақ додани тиҷорат аз ӯ 130 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамин тавр, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ҳамчунин, ин ниҳод аз боздошти сокини 18-солаи ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ноболиғи 15-солаи сокини ҳамин ноҳия хабар медиҳад.
Ин ду ҷавон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гуфта мешавад, ки онҳо рӯзи 11-уми июн тахминан соати 23:00, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили худрави "Опел-Астра", 1-адад ноутбук ва 1-адад айнаки мардонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Тибқи иттилои манбаъ, ин худрав ба марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи мазкур тааллуқ доштааст.
Зарари расонидашуда 12 ҳазору 560-сомонӣ ҳисоб карда шудааст. Вазорат мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса низ тафтишот идома дорад.