https://sputnik.tj/20210419/zane-savori-renjrover-dushanbe-megasht-muttaham-1038659774.html
Зане, ки савори “Ренҷровер” дар Душанбе мегашт, ба қаллобӣ айбдор шуд
Зане, ки савори “Ренҷровер” дар Душанбе мегашт, ба қаллобӣ айбдор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани зане хабар дод, ки дар Душанбе савори “Ренҷровер”- е мегашт, ки пулашро надодааст
2021-04-19T16:31+0500
2021-04-19T16:31+0500
2021-04-19T17:02+0500
мошин
душанбе
қаллобӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102527/15/1025271517_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_4e6d197b7df566ce74ed32a3fb9bbc26.jpg
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса занеро, ки савори мошини гаронбаҳои “Ренҷровер – Валер” дар Душанбе мегашт, дастгир кардаанд. Ин зани 41-сола, сокини шаҳри Душанбе буда, дар содир намудани кирдори қаллобӣ муттаҳам мешавад. Ба иттилои ВУД, гумонбар 11-уми феврали соли 2020, дар кӯчаи Саъдӣ Шерозии пойтахт ба боварии марди 41-сола, сокини ноҳияи Сино даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Ренҷровер-Валер”, соли бароришаш 2018-ро гирифтааст. Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҷонибҳо мошинро 55 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, зани харидор ваъда додааст, ки дар муддати 2-моҳ маблағашро бармегардонад. Мақомот афзуданд, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Назари ҷониби айбдоршаванда дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.
https://sputnik.tj/20210213/kallob-zamin-dollar-koraftoda-1032819133.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102527/15/1025271517_101:0:822:541_1920x0_80_0_0_a7884bfaff8a334086ed7cf2c339e991.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қаллобӣ, айбдор, мошин, савор, нарх, савдо
тоҷикистон, қаллобӣ, айбдор, мошин, савор, нарх, савдо
Зане, ки савори “Ренҷровер” дар Душанбе мегашт, ба қаллобӣ айбдор шуд
16:31 19.04.2021 (Навсозишуда: 17:02 19.04.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дастгир шудани зане хабар дод, ки дар Душанбе савори “Ренҷровер”- е мегашт, ки пулашро надодааст
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса занеро, ки савори мошини гаронбаҳои “Ренҷровер – Валер” дар Душанбе мегашт, дастгир кардаанд.
Ин зани 41-сола, сокини шаҳри Душанбе буда, дар содир намудани кирдори қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Ба иттилои ВУД, гумонбар 11-уми феврали соли 2020, дар кӯчаи Саъдӣ Шерозии пойтахт ба боварии марди 41-сола, сокини ноҳияи Сино даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Ренҷровер-Валер”, соли бароришаш 2018-ро гирифтааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҷонибҳо мошинро 55 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, зани харидор ваъда додааст, ки дар муддати 2-моҳ маблағашро бармегардонад.
“Аммо номбурда, 23 ҳазор доллари амрикоиро баргардонида, то ҳол боқимонда 32 ҳазор доллари амрикоиро надодааст”, - изҳор дошт ВУД.
Мақомот афзуданд, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Назари ҷониби айбдоршаванда дар мавриди иттиҳоми эълонкардаи мақомот маълум нест.