Путин таассуроти худро аз мулоқот бо Байден гуфт - видео

© AFP 2023 / SAUL LOEBПрезидент США Джо Байден (справа) и президент России Владимир Путин
Президент США Джо Байден (справа) и президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Обуна шудан
Президенти Русия гуфт, ки рохбари Амрико ба вай чи гуна таассурот бахшид
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ба гуфтаи Владимир Путин, тасвири роҳбари Кохи Сафед, ки тавассути ВАО сохта шудааст, ба воқеият рабте надорад.
Раҳбари Русия президенти ИМА Ҷо Байденро як фарди касбӣ мешуморад, ки бо ӯ бояд хеле бодиққат кор кард. Ва ӯ "шодмон" ба назар мерасад, илова кард Путин.
Ба гуфтаи сарвари давлат, ӯ ва Байден тавонистанд дар мавзуоти калидӣ якдигарро фаҳманд. Президенти ИМА он чиро, ки мехоҳад мефаҳмад ва хеле моҳирона амал мекунад, гуфт Путин.
Ғайр аз он, сарвари давлат ба тарафдории Байден баромад, ки ӯро намояндагони ВАО барои истифодаи варақаҳо ҳангоми баромадҳояш масхара карданд.
Ба гуфтаи Путин, раҳбари Амрико комилан мавзуъро дарк мекард. Гоҳ-гоҳе ӯ ба навиштаҳои худ менигарист.

"Мо ҳама ин корро мекунем", - таъкид кард президенти Русия.

Дар айни замон, ӯ котиби матбуотии Кохи Сафед Ҷен Псакиро сарзаниш карда, қайд кард, ки вай борҳо хато кард.

"Зани ҷавон, бомаърифат, зебо, худи ӯ ҳамеша чизеро омехта мекунад", - гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки 16 июн нахустин мулоқоти шахсии президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷо Байден дар Женева баргузор шуд.
Музокироти раҳбарон дар қасри Ла Гранҷии таърихӣ тақрибан чаҳор соат идома кард.
Пас аз музокирот, Путин гуфт, ки бо Байден мувофиқа кардааст, ки дар сатҳи байниидоравӣ машваратҳоро оид ба амният оғоз кунанд.
Рукопожатие президента России Владимира Путина и президента США Джо Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Путин ба Байден сипос гуфт
Ба гуфтаи сарвари Русия, ҳарду кишвар дарк мекунанд, ки барои суботи стратегӣ дар ҷаҳон масъулияти махсус доранд.
Ғайр аз он, президентҳо изҳороти муштарак қабул карданд. Он дар бораи ӯҳдадориҳои Маскав ва Вашингтон ба принсипе сухан меронад, ки дар ҷанги ҳастаӣ ғолиб вуҷуд дошта наметавонанд ва набояд ҳеҷ гоҳ ба он рӯ овард.
Худи ҳамин принсипро роҳбарони СССР ва ИМА Михаил Горбачёв ва Роналд Рейган дар мулоқоти Женева дар соли 1985 муқаррар карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0