ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ба иттилои шаҳрдорӣ, роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут тибқи нақша дар се марҳила бунёд мешавад.
“Марҳилаи аввал аз Дарвозаи Ғарбӣ то роҳи автомобилгарди Айнӣ, бо дарозии 4,2 километр марҳилаи дуюм аз роҳи автомобилгарди Айнӣ то роҳи автомобилгарди Шарора бо дарозии 3,2 км ва марҳилаи сеюм аз роҳи автомобилгарди Шарора то пайваст ба кӯчаи Раҳмон Набиеви маҳаллаи Чортут бо дарозии 1,88 км-ро дар бар мегирад”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид намуд, ки паҳноии роҳ аз 40 метр иборат буда, 8 хати ҳаракат дар ду самт, пиёдароҳҳо, як адад пул дар болои канали калони Ҳисор ва як гузаргоҳи роҳи оҳан, 2 адад гардишҳои нақлиётӣ, чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа, аломатҳои бехатарии роҳ, хати кабудизор, дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд.
Зикр шудааст, ки иншоот дар доираи ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистону Ҳиндустон бо харҷи 46,5 миллион доллари ИМА сохта мешавад.
Лоиҳаи “Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут” яке аз тарҳҳои самарабахши ҳамкорӣ байни шаҳрдорӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон маҳсуб меёбад, ки марҳилаи аавали он расман шуруъ гардид.