Ромиш Салимов дар Данғара боғи “Симурғ” сохт

© Sputnik / Амир ИсаевГород Дангара, архивное фото
Город Дангара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Обуна шудан
Дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара бо ҳузури раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, боғи фарҳангӣ-фароғатии “Симурғ” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Симурғ” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Салимов Ромиш дар масоҳати 7 гектар бунёд гардидааст, хабар дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ду майдончаи варзишӣ барои футбол, волейбол, нуқтаҳои махсус барои теннис, майдончаи бозии кӯдакон ва наврасон, маркази ҷавонон, қаҳвахона, ошхона бо 60 ҷойи нишаст, ҳавзҳои шиноварию моҳипарварӣ бунёд гардида, барои кӯдакон 12 атраксиони замонавӣ насб шудааст.
Салимзода Амонулло министр сельского хозяйства Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2020
Вазири дигар аз оилаи Салимзодаҳо: Амонулло Файзулло кист?
Барои хуррамгардонии боғ 11 ҳазор бех ниҳоли нодири сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуда, ҳудуди онро18 фаввораи хурду бузург, ки бо шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд шудааст, зебу зиннат ва шаҳомати бузург мебахшад.
“Ҳамчунин дар дохили боғ композитсияҳои бадеӣ-ҳайкалҳои палангу уштур, гавазну оҳу, санҷобак, кабк, товус ва дигар ҳайвоноту парандагон насб карда шудааст. Муҷассамаи қаҳрамонони филмҳои тасвирии кӯдакона, кузаву хумҳои сафолини бо гулу буттаҳои нодир ороёфта, ба ҳусни боғ зебогии дучанд зам намудааст”, - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин иншооти фарҳангиро дар доираи ҷашнҳои миллӣ туҳфаи арзанда ва намунаи ибрат номида, масъулонро барои нигоҳубини он вазифадор сохт.
Лентаи хабарҳо
0