Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Қирғизистонро мавҷи сеюми коронавирус фаро гирифт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкГоспиталь для больных COVID-19
Госпиталь для больных COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Обуна шудан
Вазорати беҳдошти Қирғизистон мегӯяд, ҷумҳуриро мавҷи саввуми маризии коронавирус фаро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Қирғизистн дар гирдоби мавҷи сеюми коронавирус қарор дорад. Дар ин бора муовини вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ Ҷалолидин Раҳматуллоев зимни брифинг хабар дод.
"Аввали пандемия, ду мавҷи сирояти коронавирус ба амал омадааст - дар моҳҳои июл ва ноябри соли 2020 ва имрӯз, мутаассифона, мавҷи сеюм мавҷуд аст", - таъкид дошт ӯ.
Ба гуфтаи Раҳматуллоев, афзоиши шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷумҳурӣ аз моҳи апрел мушоҳида мешавад.
Тайи чанд рӯзи охир дар Бишкек ва Ӯш ҳолатҳои зиёди коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Муовини вазир таъкид кард, ки ҳоло сатҳи беморӣ дар пойтахт аз нишондиҳандаҳои миллӣ 3,6 маротиба зиёдтар аст.
Работники морга погружают гроб с погибшим от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Фавти 15 маризи коронавирус дар Қазоқистон давоми як шабонарӯз
Дар айни замон, дар Қирғизистон паҳн шудани чор штамми COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар байни онҳо бритониёӣ, африқоӣ ва ҳиндӣ низ ҳастанд.
Раҳматуллоев аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки чораҳои бехатарӣ аз қаблан пӯшидани ниқоб, истифода аз антисептикҳо, худдорӣ намудан аз иштирок дар чорабиниҳои оммавиро қатъиян риоя намоянд.
Тибқи маълумоти охири Вазорати тандурустии Қирғизистон, шабонарӯзи гузашта боз 514 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Аз аввали хуруҷи ин беморӣ дар Қирғизистон 111 143 нафар мариз шуда 1905 дардманд ба ҳалокат расиданд.
Лентаи хабарҳо
0