https://sputnik.tj/20210616/favt-koronavirus-qazoqiston-shabonaruz-1040234651.html
Фавти 15 маризи коронавирус дар Қазоқистон давоми як шабонарӯз
Фавти 15 маризи коронавирус дар Қазоқистон давоми як шабонарӯз
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ҳамаи фавтидагон маризони коронаиврус буданд ва миёни онҳо беморони илтиҳоби шуш қарор надоштанд
2021-06-16T11:35+0500
2021-06-16T11:35+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
қазоқистон
осиёи марказӣ
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103123/61/1031236182_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_3b21511b84fc04e37838c623ee484ecb.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта дасти кам 15 нафар аз вируси COVID - 19 фавтиданд.Вазорати беҳдошт бо нашр намудани омори фавтидагон таъкид дошт, ки миёни онҳо беморони илтиҳоби шуш набуданд.Тибқи маълумоти Вазорати беҳдошт, то 16 июн, 21 025 нафар табобати сирояти коронавирусро идома медиҳанд, ки аз он 6451 бемор дар беморхонаҳо ва 14 574 нафар беморон дар сатҳи амбулаторӣ тадовӣ мегиранд.Манбаъ меафзояд, вазъи 441 бемор вазнин буда, 103 маризи дигар дар ҳолати шадид қарор доранд.Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия дар Қазоқистон 404 064 нафар мубталои коронавирус гардида, 4195 бемор ҷон аз даст доданд.Зимнан, шабонарӯзи гузашта дасти кам 1068 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд.Дар Тоҷикистон ин шабу рӯз расонаҳои дохилӣ ва ҳамзамон худи сокинон аз мавҷуд будани вируси COVID - 19 хабар медиҳад. Вале Вазорати тандурустӣ дар оморҳои ҳаррузаи худ таъкид мекунад, ки ягон ҳолати беморшавии шаҳрвандон ба ин маризӣ сабт нагардидааст.
https://sputnik.tj/20210615/vazorat-behdosht-omor-siroyat-koronavirus-tojikistonro-1040229432.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103123/61/1031236182_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d50ff0077978d6540ebd29e67a026588.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, вируси корона, фавт, омро
қазоқистон, вируси корона, фавт, омро
Фавти 15 маризи коронавирус дар Қазоқистон давоми як шабонарӯз
11:35 16.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ҳамаи фавтидагон маризони коронаиврус буданд ва миёни онҳо беморони илтиҳоби шуш қарор надоштанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта дасти кам 15 нафар аз вируси COVID - 19 фавтиданд.
Вазорати беҳдошт бо нашр намудани омори фавтидагон таъкид дошт, ки миёни онҳо беморони илтиҳоби шуш набуданд.
Тибқи маълумоти Вазорати беҳдошт, то 16 июн, 21 025 нафар табобати сирояти коронавирусро идома медиҳанд, ки аз он 6451 бемор дар беморхонаҳо ва 14 574 нафар беморон дар сатҳи амбулаторӣ тадовӣ мегиранд.
Манбаъ меафзояд, вазъи 441 бемор вазнин буда, 103 маризи дигар дар ҳолати шадид қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия дар Қазоқистон 404 064 нафар мубталои коронавирус гардида, 4195 бемор ҷон аз даст доданд.
Зимнан, шабонарӯзи гузашта дасти кам 1068 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар Тоҷикистон ин шабу рӯз расонаҳои дохилӣ ва ҳамзамон худи сокинон аз мавҷуд будани вируси COVID - 19 хабар медиҳад. Вале Вазорати тандурустӣ дар оморҳои ҳаррузаи худ таъкид мекунад, ки ягон ҳолати беморшавии шаҳрвандон ба ин маризӣ сабт нагардидааст.