https://sputnik.tj/20210616/maskav-vaksinzani-korgaron-koronavirus-1040240737.html
Дар Маскав ваксинзании 60 дар сади коргарон аз коронавирус ҳатмӣ шуд
Дар Маскав ваксинзании 60 дар сади коргарон аз коронавирус ҳатмӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ваксинзанӣ аз коронавирус метавонад барои москавиҳо ҳатмӣ шавад 16.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-16T14:19+0500
2021-06-16T14:19+0500
2021-08-10T17:02+0500
тандурустӣ
дар русия
ваксина
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1d/1039836313_0:0:3184:1791_1920x0_80_0_0_f69d9d0b1a4e8c21c4ef1e7d4c6ad33d.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Сардухтури санитарии Маскав дастур дод, ки 60% коргарони пойтахти Русия эм карда шаванд. Санади дахлдор дар торномаи Роспотребнадзор нашр шудааст.Ҳамин тавр, пеш аз ҳама кормандони соҳаи хидматрасонӣ бояд ҳатман алайҳи коронавирус эм гиранд. Ба он кормандони нуқтаҳои савдо, кошонаи ҳусн, фитнес клубҳо, тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо, кормандони соҳаҳои нақлиёт ва фарҳанг, маориф ва тандурустӣ дохил мешаванд.Ғайр аз он, хизматчиёни давлатӣ низ бояд аз COVID-19 эм карда шаванд. Тибқи фармон, кормандони манотиқи дар боло зикршуда бояд то 15 август ҷузъи дуюми ваксина гиранд. Ин чораҳо бинобар бад шудани вазъи коронавирус дар Маскав андешида шуданд. Дар пойтахт аз аввали моҳи июн афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ ба назар мерасад. Кор мехоҳӣ - ваксин гир: шарти Русия барои фаъолияти муҳоҷирон дар сохтмонҳоҚаблан шаҳрдори Маскав Сергей Собянин тибқи фармон аз ташкили системаи иттилоотӣ барои назорати раванди ба даст овардани меъёрҳои зарурии эмкунӣ хабар дода буд. "То он даме ваксинзанӣ кори шахсии ҳар кас аст, ки дар хона мешинад. Аммо вақте ба ҷойҳои ҷамъиятӣ баромад ва бо дигарон дар тамос шуд, хоста ва ё нохоста вориди раванди эпидемиологӣ мешавад", -таъкид кард Собянин.
https://sputnik.tj/20210607/narhi-emkuni-rusiya-arzish-vaksina-sputnik-v-1040020807.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1d/1039836313_455:0:3184:2047_1920x0_80_0_0_a565c021778bbeba9abade629243b916.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тандурустӣ, дар русия, ваксина, коронавирус
тандурустӣ, дар русия, ваксина, коронавирус
Дар Маскав ваксинзании 60 дар сади коргарон аз коронавирус ҳатмӣ шуд
14:19 16.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Ваксинзанӣ аз коронавирус метавонад барои москавиҳо ҳатмӣ шавад
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Сардухтури санитарии Маскав дастур дод, ки 60% коргарони пойтахти Русия эм карда шаванд. Санади дахлдор дар торномаи Роспотребнадзор нашр шудааст.
Ҳамин тавр, пеш аз ҳама кормандони соҳаи хидматрасонӣ бояд ҳатман алайҳи коронавирус эм гиранд. Ба он кормандони нуқтаҳои савдо, кошонаи ҳусн, фитнес клубҳо, тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо, кормандони соҳаҳои нақлиёт ва фарҳанг, маориф ва тандурустӣ дохил мешаванд.
Ғайр аз он, хизматчиёни давлатӣ низ бояд аз COVID-19 эм карда шаванд. Тибқи фармон, кормандони манотиқи дар боло зикршуда бояд то 15 август ҷузъи дуюми ваксина гиранд.
Ин чораҳо бинобар бад шудани вазъи коронавирус дар Маскав андешида шуданд. Дар пойтахт аз аввали моҳи июн афзоиши ҳолатҳои сироятёбӣ ба назар мерасад.
Қаблан шаҳрдори Маскав Сергей Собянин тибқи фармон аз ташкили системаи иттилоотӣ барои назорати раванди ба даст овардани меъёрҳои зарурии эмкунӣ хабар дода буд.
"То он даме ваксинзанӣ кори шахсии ҳар кас аст, ки дар хона мешинад. Аммо вақте ба ҷойҳои ҷамъиятӣ баромад ва бо дигарон дар тамос шуд, хоста ва ё нохоста вориди раванди эпидемиологӣ мешавад", -таъкид кард Собянин.