https://sputnik.tj/20210616/jazoi-domod-hudkushinavarusash-dar-ruzi-oshiqon-1040251950.html
Ҷазои домод барои ба худкушӣ расондани наварӯсаш дар рӯзи ошиқон
Ҷазои домод барои ба худкушӣ расондани наварӯсаш дар рӯзи ошиқон
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи ноҳияи Рашт Искандаршо Саймаҳмадовро барои ба худкушӣ расондани арӯси ҷавонаш ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард
2021-06-16T19:10+0500
2021-06-16T19:10+0500
2021-06-16T19:10+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳукм
маҳкум
худкушӣ
зиндон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102121/30/1021213008_0:18:3073:1746_1920x0_80_0_0_91074781e1054b3ef4a39cc0d8a4ec83.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Рашт Искандаршо Саймаҳмадовро барои ба худкушӣ расондани арӯси ҷавонаш ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кардТибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ҷасади шаҳрванд Додова.Н-ро, ки худовезӣ кардааст, хешовандон иҷозаи кушодан надода, худи ҳамон рӯз - 14 феврал дафн кардаанд. Манбаъ афзуд, мақомоти тафтишотӣ муайян намудаанд, ки Саймаҳмадов Искандаршо бо Додова моҳи августи соли 2020 ақди никоҳ баста, муддати 7 моҳи зиндагии якҷоя мунтазам арӯс таҳти латукӯби шавҳар қарор мегирифтааст. Рӯзи 13 феврали соли равон бо баҳонаи он, ки бидуни иҷозат ба хонаи волидонаш рафтааст, ба миён ва қафаси синаи Додова зарбаҳо зада, таҳқирҳо кардааст, иттилоъ дод додситонӣ. Манбаъ афзуд, ҷавонзан ба ранҷу азобҳои мунтазами шавҳараш тоқат накарда, 14 феврали соли равон тахминан соати 7:25 дақиқа дар ошхонаи ҳавлии истиқоматии шавҳараш воқеъ дар деҳаи Машконаки ноҳияи Рашт худро овехта, ба ҳалокат расонидааст.Парвандаи ҷиноятӣ, баъди анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.Додгоҳи ноҳияи Рашт ба Саймаҳмадов ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин кардааст. Назари маҳкумшуда дар бораи иттиҳоми мақомот ва ҳукми додгоҳ феълан маълум нест.
https://sputnik.tj/20210616/gareni-zanozanii-ronanda-roh-oqibati-video-1040249693.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102121/30/1021213008_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_eaf1b4d3fb3c571a932998f93a2b36ac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукм, додгоҳ, рашт, зиндон, ҳукм
ҳукм, додгоҳ, рашт, зиндон, ҳукм
Ҷазои домод барои ба худкушӣ расондани наварӯсаш дар рӯзи ошиқон
Мурофиаи парвандаи худкушии наварӯси 18-сола дар ноҳияи Рашт анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Рашт Искандаршо Саймаҳмадовро барои ба худкушӣ расондани арӯси ҷавонаш ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард
Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, ҷасади шаҳрванд Додова.Н-ро, ки худовезӣ кардааст, хешовандон иҷозаи кушодан надода, худи ҳамон рӯз - 14 феврал дафн кардаанд.
Манбаъ афзуд, мақомоти тафтишотӣ муайян намудаанд, ки Саймаҳмадов Искандаршо бо Додова моҳи августи соли 2020 ақди никоҳ баста, муддати 7 моҳи зиндагии якҷоя мунтазам арӯс таҳти латукӯби шавҳар қарор мегирифтааст.
Рӯзи 13 феврали соли равон бо баҳонаи он, ки бидуни иҷозат ба хонаи волидонаш рафтааст, ба миён ва қафаси синаи Додова зарбаҳо зада, таҳқирҳо кардааст, иттилоъ дод додситонӣ.
Манбаъ афзуд, ҷавонзан ба ранҷу азобҳои мунтазами шавҳараш тоқат накарда, 14 феврали соли равон тахминан соати 7:25 дақиқа дар ошхонаи ҳавлии истиқоматии шавҳараш воқеъ дар деҳаи Машконаки ноҳияи Рашт худро овехта, ба ҳалокат расонидааст.
Парвандаи ҷиноятӣ, баъди анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Додгоҳи ноҳияи Рашт ба Саймаҳмадов ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин кардааст.
Назари маҳкумшуда дар бораи иттиҳоми мақомот ва ҳукми додгоҳ феълан маълум нест.