"Гарениӣ? Ҳо гарениюм": занозании ду ронанда дар мобайни роҳ ва оқибати он – видео

© SputnikМашины милиции в Душанбе, архивное фото
Машины милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2021
Обуна шудан
Бар асоси гузориши ВУД қазия аз он оғоз шудааст, ки ду ронандаи таксӣ дар роҳ мошинро манъ карда, суҳбат доштаанд ва ронандаи дигар эрод гирифтааст
ДУШАНБЕ, 16 июн - Sputnik. ВУД навори ҷанҷоли ду ронанда дар кӯчаи Ҷаббор Расуловро шарҳ дода, таъкид намудааст, ки ҳарду ба муҳлати 10-рӯзӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.
Саидов Сайёди 30 – сола, ронандаи ширкати “Оби Душанбе” ва яке аз иштирокдорони муноқиша зимни гузориши ВУД гуфт, шоҳиди суҳбати ду ронандаи таксӣ дар роҳ шуду эрод гирифт.
Ӯ мегӯяд, ҳангоми ҳаракат аз тарафи маҳаллаи 103-юм ду ронандаи таксиро дид, ки истода бо ҳам суҳбат мекарданд. Саидов афзуд, ки ҳаракатро идома дод ва ин таксиҳо назди чароғаки раҳнамои пеши корхонаи “Ширин” ба ӯ баробар шуданд.

“Гуфтем, ин чӣ хелӣ ҳайкуниай, ки дар байни роҳ гап мезанед? Гапҳоямон пасту баланд рафт. Чароғак сурх шуд, аз мошин фаромадем, дастбагиребон шудем”, - изҳор дошт Саидов.

Ҳалимов Меҳроби 28 – сола, ронандаи ширкати “Як таксӣ”, иштирокдори дигари муноқиша дар шарҳи қазия гуфт, “гуфтам, ягон герениӣ? Гуфт гарениюм. Баъд шудем муноқиша, фаромадем, задем ҳамдигарира, Ака”.
ВУД афзуд, ки нисбати ҳарду ҳуқуқвайронкунанда тибқи талаботи моддаи 460 –и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои майдаавбошӣ санад тартиб дода шуда, бо қарори додгоҳ нисбати ҳар кадоми онҳо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин гардид.
Лентаи хабарҳо
0