Хуштабъу шӯхтабъ: Салимшо Ҳалимшо низ тарки олам кард

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Обуна шудан
Салимшо Ҳалимшо шоир, рӯзноманигор ва пажӯҳишгари тоҷик дар синни 85-солагӣ олами фониро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 15 июн – Sputnik. Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум ҳаволии соати 12 – и имрӯз дар манзили худ дар шаҳри Душанбе ҷон ба Ҷонофарин таслим кардааст.
“Ягон маризии хос надоштанд. Фақат дирӯз нотоб ва бистарӣ мешаванд. Солҳои ахир баҳузур шину хез мекарданд, озодона мегаштанд, аммо хотираашон хеле заиф шуда буд. Дар шинохти афрод мушкил доштанд. Ҳаводиси зиндагиашонро ҳам дуруст ба ёд оварда наметавонистанд”, - гуфт Ато Мирхоҷа.
Салимшо Ҳалимшо 16 феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки ноҳияи Шуғнони Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, мактаби миёнаро дар шаҳри Хоруғ ба поён расондааст.
Соли 1960 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатӣ (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) - и Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти корияшро соли 1960 минҳайси ходими адабӣ дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ" шуруъ намуда, баъдтар то соли 1981 мудири шуъбаи ин рӯзнома буд. Пас аз таъсиси "Адабиёт ва санъат" мудири шуъбаи назм ва муовини сармуҳаррири ин ҳафтанома буд (1982-1989).
Алишер Мухаммади, поэт, философ, переводчик, кандидат философских наук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2020
Марги ман чист?: даргузашти шоир ва олим Алишери Муҳаммадии 43-сола
Баъдтар дар вазифаҳои муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи "Пайванд" (1989-1991) ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст.
Салимшо Ҳалимшо аз нимаи дувуми солҳои 60-уми асри гузашта по ба майдони адабиёт гузошта, тавассути нахустин маҷмӯаҳои ашъораш "Роҳи қуллаҳо" (1965) ва "Киштии Инқилоб" (1960) ба хонандагон муаррифӣ шудааст. Баъдтар ашъори ӯ дар маҷмӯаҳои "Имзои Ленин" (1975), "Оинаи виҷдон" (1983), "Бурҷи Инсон" (1986), "Ҳафт хони Бадахшон" (1989), "Хонаи Офтоб" (2003), "Оби шаҳд" (2003), "Зодагони ҳафт тӯфон" (2006) ба чоп расиданд. Як драма низ таҳти унвони "Кабутарони сафед" ба қалами ӯ тааллуқ дорад.
Ашъораш ба забонҳои украинӣ, русӣ, литвонӣ, озарӣ, чехӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шуда, худаш намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Дар арсаи рӯзноманигорӣ низ аз мушкилоти адабиёту рӯзгори адибони тоҷик мақолаҳои хондание ба нашр расонидааст.
“Пас аз истиқлолият пажӯҳишҳои илмӣ, бахусус дар масоили таърихи тоисломӣ, анҷом дода, як силсила матолиб низ навишта буданд”, - гуфт Ато Мирхоҷа.
Салимшо Ҳалимшо аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, бо Ифтихорномаи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, унвони ифтихории "Корманди шоистаи Тоҷикистон" (1998) ва ордени "Дӯстӣ" (1997) қадрдонӣ шудааст. Дар хотираҳои дӯстон ӯ ҳамчун як шахси хеле хуштабъу шӯхтабъ боқӣ мондааст, то ба ҷое ки иттифоқоти зиндагии ӯ ба латифаҳои воқеӣ табдил ёфтаанд.
Лентаи хабарҳо
0