ДУШАНБЕ, 16 ноя - Sputnik. Ӯ ҳамагӣ 43 сол дошт. Ба гуфти наздикону ҳамкоронаш бар асари бемории қалб даргузашт.
Ба иттилои наздикони марҳум, маросими ҷаноза ва видоъ бо Алишери Муҳаммадӣ дар маҳаллаи Мирзобеки шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Гулкорони гузари Сабзикор пас аз намози пешин соати 14.00 доир мешавад.
Марҳум хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба ҳайси муҳаррир дар Энсиклопедияи миллии тоҷик кор ва узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода дар мавриди даргузашти Алишери Муҳаммадӣ бо дард навиштааст, ки шояд ӯро кам касон бишиносанд. Зеро тавре чанд рӯз муқаддам навиштам, мо шахсиятҳоро на мешиносему на қадр мекунем.
“Ӯ шахсият буд. Донишманд буд. Ҳайсияте дошт, ки як инсони мутафаккир ва донишманд бояд дошта бошад. Хоксортарин инсоне буд, ки мӯреро намеозурд. Вале меозурдандаш. Зиёд. Баҳудаву беҳуда. Таҳ мехӯрд, мешикаст, аммо намерехт. Ҳайсияташро нигаҳ медошт. Мағрур набуд, аммо ғурури тоҷиконаи олимона дошт”,- навиштааст, хонум Ализода.
Ба навиштаи ӯ, Алишери Муҳаммадӣ донишманди тавонову фарди миллӣ буд, ки муттаассифна эҳтром нашуд.
“Шоири шеърҳои муаррифӣ нагашта, олими ҳанӯз ва акнун ҳеҷ гоҳе эътирофнашуда, тарҷумони хуби ноошно, муҳаррири осори илмии то ба ҳол бе маъруфият, инсони комили поквиҷдон ва дӯсту бародари арҷманди ман, ки шиква накарда, нанолида доимо бо як ишора мегуфтӣ: - Муаллима, хдту ҳамаша мефаҳме, дига чӣ бгум?" ... ва ман мефаҳмидам, ки ба қадри заҳмати ту касе намерасид, он дониши фарохи ту ба дарди худат ҳам намехурад, намефаҳмандат. Шояд ояндагон мерасанд?”,-навиштааст, Рӯзноманигор.
Ҳамзамон, Ҳуринисо Ализода яке аз шеърҳои Алишери Муҳаммадиро нашр кардааст, ки “Марги ман чист?” унвон дорад.
Марги ман чист?
Чанд рӯзе гиряҳои носавоби модарам,
Хандаҳову шӯхиҳову тираакси ман ба хоби хоҳарам,
Лаҳзае чанд ашки шӯру ҳасрату андӯҳи талх
Бар ҷабини нуқратоби ҳамсарам,
Баъди чанде боз хушҳолию хушгӯйи – фаромӯшии ман.
Марги ман чист?
Норасида бар замин афтодани себ аз дарахт,
Номаҳал бар тифлаконам бевафоиҳои бахт,
Даври хона – ёру душман,
Байни хона – мову рахт,
Баъд аз ин танҳоию ман,
То замоне бистари холи канори хамсарам.
Марги ман чист?
Шеърҳои нимсуруда,
Бӯсаҳои норабуда,
Киштаҳои нодуруда,
Бар замин афтодани як ахтари наҳс аз само,
Рох бурданҳои марди хокие сӯйи Худо.