Роҳкирои бепул ва идрорпулии баланд: ваъдаи Русия ба донишҷӯёни хориҷ

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкВозобновление очного обучения в вузах
Возобновление очного обучения в вузах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Обуна шудан
Русия мехоҳад, бо ҷорӣ кардани имтиёзу сабукиҳо донишҷӯёнро аз кишварҳои хориҷ ҷалб кунад
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар ояндаи наздик ҷорӣ кардани як қатор имтиёзҳо барои донишҷӯёни хориҷии донишгоҳҳои Русия ба нақша гирифта шудааст, гуфт муовини раиси Шӯрои Федератсия Константин Косачев дар мусоҳиба бо "Парламетская газета".

"Роҳкирои бепул, лоақал аз то ҷойи таҳсил ва бозгашт, суғуртаи тиббии ройгон, идрорпулии баланд ва ҷуброни ҳамаи хароҷотҳо барои хобгоҳ ба назар гирифта шудааст", - шарҳ дод намояндаи Шӯрои Федератсия.

Ҳамзамон, Россотрудничество низ барои донишҷӯёни хориҷӣ сабукиҳо пешниҳод мекунад.
Дар соли 2021 ин созмон хидматеро роҳандозӣ мекунад, ки дар он хоҳишмандони дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия метавонанд аз фосилаи дур ҳуҷҷат супоранд. Аммо, фаъолияти барнома бо ин маҳдуд намешавад. Бо кӯмаки хидмати "Таҳсилоти хориҷиён дар Федератсияи Русия" донишҷӯ метавонад маълумоти истинод гирад, кӯмак пурсад ва ҳатто ҳангоми расидан таксӣ киро кунад.
Таджикские студенты на форуме в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2020
Шумораи донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ муайян шуд
Ҳамаи ин барои афзоиши шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар кишвар пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, аз ин роҳи ҷалб кардани донишҷӯён дар Канада ва Фаронса васеъ истифода бурда мешавад.
Тибқи нақшаҳои мақомот, шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия то соли 2024 бояд ба 425 ҳазор нафар расад.
Лентаи хабарҳо
0