Шумораи донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ муайян шуд

© Sputnik / Рубен ГарсияТаджикские студенты на форуме в Москве, архивное фото
Таджикские студенты на форуме в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишгоҳҳои Русия барои ҷавонони тоҷик диққатҷалбкунанда буда, шумораи бештари довталабон аризаҳояшонро ба муассисаҳои таълимии ин кишвар ирсол мекунанд

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бино бар оморе, ки Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузоштааст, дар умум ҳудуди 34 065 донишҷӯи тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии хориҷ таҳсил мекунанд.

Ҳавопаймои  Boeing-777 аз ширкати Аэрофлот  - Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯёни тоҷикро тариқи парвози вижа аз Русия ба Тоҷикистон бозгардониданд
Аз ин шумора, бештараш 24 604 нафар дар донишгоҳҳои Русия таҳсил доранд.

Ҷои дувумро донишгоҳҳои Чин мегиранд, ки 4075 давталаб аз Тоҷикистонро қабул кардаанд.

Ҳамин тавр, Белорус (1151), Қазоқистон (959) ва Қирғизистон (698) низ дар ин рйхат қарор доранд.

Мактабҳои олии Амрико (321), Лаҳистон (293), Туркия (283), Украина (220), Олмон (172) ва Ҳиндустон (147) низ ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон боз аст.

Аз интихобам розиям: чигуна донишҷӯёни тоҷик дар Русия таҳсил мекунанд - акс

 Ҷоизи қайд аст, ки дар Ӯзбекистон ин нишондод камтар буда, 54 донишҷӯи тоҷик дар ин кишвар таҳсил мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0