https://sputnik.tj/20210615/rahmon-sokinoni-ofati-tabii-zarardida-abdurahmoni-jomi-1040212040.html
Раҳмон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ ваъда дод?
Раҳмон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ ваъда дод?
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ раисҷумҳури Тоҷикистон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот кард
2021-06-15T10:05+0500
2021-06-15T10:05+0500
2021-07-21T16:29+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сокинон
мулоқот
ваъда
хатлон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1a/1032349374_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_f66f34c43ef17e2f12d8c52df35ec402.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Бино бар иттилои датари матбуоти раисҷҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбаташ бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид доштааст, ки аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ дар канори осебдидагон буд ва бо расонидани кӯмакҳои саривақтӣ имконият пайдо шуд, ки сохтмони манзилҳои нав ҳарчӣ зудтар оғоз ёбад. Раҳмон зикр кард, ки зарари расонидаи офати табиӣ ба пуррагӣ барқарор гардида, барои зисту зиндагонии сокинон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд ва хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми ашёи зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт.Раисҷумҳур зимни мулоқот таъкид дошт, ки дар баробари сохтмони 20 манзили истиқоматӣ дар мавзеъи навбунёд, ҳамчунин дигар имконоту инфрасохтор ба пуррагӣ бунёд хоҳад гашт. Аз ҷумла, хатти барқу об, роҳи нақлиётгарду пиёдараҳ ва бунгоҳи тиббӣ бо назардошти талаботи муосир сохта ба истифода дода мешавад.“Рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар мавзеъи нав зери назорати бевосита ва доимии ман қарор дошта, тамоми чораҳо андешида мешавад, то ҳарчӣ зудтар боқимондаи оилаҳо ба хонаҳои нави худ дароянд”, - қайд намудааст Эмомалӣ Раҳмон.Президенти Тоҷҷикистон ба масъулини сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тамоми шароитро барои зиндагонии осебдидагон дар манзилҳои нав фароҳам созанд.Манбаъ қайд кардааст, ки ҳамчунин корҳои сохтмонии манзилҳои 15 оилаи дигарро, ки дар минтақаи хавфнок қарор доранд, тезонида, онҳоро низ ба мавзъеи нав кӯчонанд.
https://sputnik.tj/20210615/safari-rahmon-ba-hatlon-bozdid-sokinoni-zarardida-1040211610.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/1a/1032349374_146:0:1969:1367_1920x0_80_0_0_f102b3153d4cb9566e5db632f2bb9c47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, мулоқот, сокинон, офати табиӣ
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, мулоқот, сокинон, офати табиӣ
Раҳмон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ ваъда дод?
10:05 15.06.2021 (Навсозишуда: 16:29 21.07.2021) Пас аз шиносоӣ бо рафти сохтмони манзилҳои истиқоматӣ раисҷумҳури Тоҷикистон бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Бино бар иттилои датари матбуоти раисҷҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбаташ бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид доштааст, ки аз рӯзҳои аввали сар задани офати табиӣ дар канори осебдидагон буд ва бо расонидани кӯмакҳои саривақтӣ имконият пайдо шуд, ки сохтмони манзилҳои нав ҳарчӣ зудтар оғоз ёбад.
“Хушбахтона то ба имрӯз аллакай қисми бештари корҳои сохтмонии хонаҳое, ки ба сокинони зарардида пешбинӣ гардидааст, сомон ёфтааст”, - гуфт раисҷҷҷумҳури кишвар.
Раҳмон зикр кард, ки зарари расонидаи офати табиӣ ба пуррагӣ барқарор гардида, барои зисту зиндагонии сокинон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд ва хонаҳои истиқоматӣ бо тамоми ашёи зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт.
Раисҷумҳур зимни мулоқот таъкид дошт, ки дар баробари сохтмони 20 манзили истиқоматӣ дар мавзеъи навбунёд, ҳамчунин дигар имконоту инфрасохтор ба пуррагӣ бунёд хоҳад гашт. Аз ҷумла, хатти барқу об, роҳи нақлиётгарду пиёдараҳ ва бунгоҳи тиббӣ бо назардошти талаботи муосир сохта ба истифода дода мешавад.
“Рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ дар мавзеъи нав зери назорати бевосита ва доимии ман қарор дошта, тамоми чораҳо андешида мешавад, то ҳарчӣ зудтар боқимондаи оилаҳо ба хонаҳои нави худ дароянд”, - қайд намудааст Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷҷикистон ба масъулини сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, тамоми шароитро барои зиндагонии осебдидагон дар манзилҳои нав фароҳам созанд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳамчунин корҳои сохтмонии манзилҳои 15 оилаи дигарро, ки дар минтақаи хавфнок қарор доранд, тезонида, онҳоро низ ба мавзъеи нав кӯчонанд.