Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯлоб барои суботи Тоҷикистон дуову фотеҳа кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон аснои озими шаҳри Кӯлоб шудан, нахуст зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҷо овард
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат ба вилояти Хатлон идома дорад.
Котиботи раисиҷумҳур менависад, чанде пеш Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон нахуст оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуд.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо қироати оятҳо аз китоби Қуръон барои суботу оромии Тоҷикистон ва осудагии мардуми кишвар дуову фотеҳа кард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2021
Раҳмон дар Вахш: “руҳафтода набошед то моҳи сентябр хонаҳои вайроншуда барқарор мешаванд”
Мақсад аз сафари роҳбари давлат ба ин минтақа шинос шудан ба корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва боздид намудан аз ҷараёни барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони осебдида арзёбӣ мешавад.
Қабл аз озими шаҳри Кӯлоб шудан, сарвари давлат аз чанд шаҳру навоҳии ин вилоят боздид ба амал овард.
Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони аз сел осебдида мулоқот намуда, онҳоро бовар кунонд, ки Ҳукумат пайваста дар фикри ободиву пешрафти халқу давлат аст.
Ӯ аз ҷумла гуфт, "сокинони бе хонаву дар монда, дар зудтарин фурсат соҳиби манзили зист бо тамоми ашёи рӯзгор мегарданд".
Лентаи хабарҳо
0