Эҳтимоли таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар Қазоқистон: шарҳи Халилзод

© Sputnik / Владимир ПироговАмериканские военнослужащие у транспортного самолета
Американские военнослужащие у транспортного самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Обуна шудан
Намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар як нишасти маҷозии рӯзи 13 июн ҳадафи сафарашро ба Қазоқистон шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Залмай Халилзод, гуфт, ҳанӯз дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомӣ дар минтақа ба хулосае нарасидаанд.
Намояндаи вижаи Амрико дар мавриди ояндаи Афғонистон гуфт, "артиши амрикоӣ хориҷ мешавад, аммо Амрико мемонад".
Вай илова кард, ки беҳтарин роҳи ҳалли низоъ дар Афғонистон роҳи ҳалли сиёсист, на низомӣ.
Залмай Халилзод тасмим дорад дар яке аз сафарҳои наздикаш ба Қазоқистон бо мақомоти баландпояи расмӣ мулоқот ва раванди сулҳ дар Афғонистон, хуруҷи неруҳои амрикоӣ, инчунин рушди ояндаи робитаҳои минтақа, тиҷорату ҳамкориро баррасӣ намояд.
Амеркианский дипломат Залмай Халилзад во время переговоров между правительством Афганистана и движением Талибан (запрещено в РФ) в Катаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2021
Халилзод: Амрико Афғонистонро танҳо намегузорад
Ёдрас мешавем, ки санаи 15 апрели соли ҷорӣ нашрияи New York Times навишт, ки мақомоти расмии ИМА бо мақомоти Қазоқистон, Узбекистон ва Тоҷикистон тамос гирифта, дар мавриди ҷойгирсозии пойгоҳи низомии амрикоӣ дар минтақа гуфтугӯ кардаанд.
Залмай Халилзод 21 сентябри соли 2018 намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон таъйин шуд.
Бояд қайд кард, ки то 11-уми сентябр нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ бояд қаламрави Афғонистонро тарк кунанд.
Афзоиши хушунат ва бунбаст дар музокироти сулҳи ҳукумат ва гурӯҳи шӯришии Толибони суолҳои зиёдеро дар мавриди сарнавишти ояндаи Афғонистон ба миён гузоштааст.
Американские войска увозят раненых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Амрико бузургтарин пойгоҳи низомиашро дар ҷануби Афғонистон ба нерӯҳои миллӣ вогузор кард
Ин дар ҳолест, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ахиран эълон кард, ки, барномаи кумаки башарӣ ба Афғонистон идома меёбад.
Департаменти давлатии Амрико ёдрас шудааст, ки аз соли 2002-ум то кунун Амрико ба Афғонистон ба маблағи тахминан 3 миллиарду 900 миллион доллар ёрӣ расонааст.
Лентаи хабарҳо
0