https://sputnik.tj/20210614/halilzod-amriko-afghonistonro-tanho-nameguzorad-1040206196.html
Халилзод: Амрико Афғонистонро танҳо намегузорад
Халилзод: Амрико Афғонистонро танҳо намегузорад
Sputnik Тоҷикистон
Фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистон Залмай Халилзод ахиран эълон кардааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Иолоти Муттаҳида имсол аз хоки Афғонистон берун мешаванд, вале Амрико ин кишварро тарк намекунад
2021-06-14T16:05+0500
2021-06-14T16:05+0500
2021-06-14T17:21+0500
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
музокирот
кишварҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0d/1031891117_0:0:2867:1612_1920x0_80_0_0_735f9e8d359f49ff1691a1eabbad8548.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон Залмай Халилзод ба рӯзноманигорон роҷеъ ба раванди музокироти сулҳ дар Афғонистонро шарҳ дод, иттилоъ додааст “Интерфакс”.Залмай Халилзод таъкид доштааст, ки Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, дар бораи имкони ҳифзи иқтидори худ дар минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон гуфтушунид доранд.Ба гуфтаи Халилзод, дар ҳоли ҳозир ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қазоқистон, дар робита ба мубориза бо терроризм ва рушди иқтисодӣ дар Афғонистон баррасӣ мешавад.Бояд қайд кард, ки то 11-уми сентябр нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ бояд қаламрави Афғонистонро тарк намоянд. Афзоиши хушунат ва бунбаст дар музокироти сулҳи ҳукумат ва гурӯҳи шӯришии Толибони суолҳои зиёдеро дар мавриди сарнавишти ояндаи Афғонистон ба миён гузоштааст. Ин дар ҳолест, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ахиран эълон кард, ки, барномаи кумаки башарӣ ба Афғонистон идома меёбад. Департаменти давлатии Амрико ёдрас шудааст, ки аз соли 2002-ум то кунун Амрико ба Афғонистон ба маблағи тахминан 3 миллиарду 900 миллион доллар ёрӣ расонааст.
https://sputnik.tj/20210614/uzbekiston-afghoniston-koronavirus-kumaki-bashardustona-1040203610.html
https://sputnik.tj/20201005/Zalmay-Khalilzod-bo-militsioneri-1-Tajikistan-chi-masalaro-barrasi-kard-1032020227.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0d/1031891117_0:0:2691:2018_1920x0_80_0_0_0af03373b626499d347b35ca68b3fb2c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, халилзод, амрико, фиристодаи хоси има
афғонистон, халилзод, амрико, фиристодаи хоси има
Халилзод: Амрико Афғонистонро танҳо намегузорад
16:05 14.06.2021 (Навсозишуда: 17:21 14.06.2021) Фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистон Залмай Халилзод ахиран эълон кардааст, ки нерӯҳои мусаллаҳи Иолоти Муттаҳида имсол аз хоки Афғонистон берун мешаванд, вале Амрико ин кишварро тарк намекунад
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Ахиран дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон Залмай Халилзод ба рӯзноманигорон роҷеъ ба раванди музокироти сулҳ дар Афғонистонро шарҳ дод, иттилоъ додааст “Интерфакс”.
Залмай Халилзод таъкид доштааст, ки Иёлоти Муттаҳида бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, дар бораи имкони ҳифзи иқтидори худ дар минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон гуфтушунид доранд.
Ба гуфтаи Халилзод, дар ҳоли ҳозир ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Қазоқистон, дар робита ба мубориза бо терроризм ва рушди иқтисодӣ дар Афғонистон баррасӣ мешавад.
“Дар ҳоли ҳозир, ҳеҷ чизи гуфта намешавад, аммо ман мехоҳам бигӯям, ки музокироту гуфтушунидҳо идома доранд ва Иёлоти Муттаҳида тасмим гирифтааст, ки дар минтақа имконияте дошта бошад, ки амнияти миллии худро ҳифз кунад ва инчунин бо дигар кишварҳо роҷеъ ба манфиатҳои тарафайн ҳамкорӣ намояд ", - гуфт ӯ.
Бояд қайд кард, ки то 11-уми сентябр нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ бояд қаламрави Афғонистонро тарк намоянд.
Афзоиши хушунат ва бунбаст дар музокироти сулҳи ҳукумат ва гурӯҳи шӯришии Толибони суолҳои зиёдеро дар мавриди сарнавишти ояндаи Афғонистон ба миён гузоштааст.
Ин дар ҳолест, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико ахиран эълон кард, ки, барномаи кумаки башарӣ ба Афғонистон идома меёбад.
Департаменти давлатии Амрико ёдрас шудааст, ки аз соли 2002-ум то кунун Амрико ба Афғонистон ба маблағи тахминан 3 миллиарду 900 миллион доллар ёрӣ расонааст.