Мақомоти Тоҷикистон зарари бахши сайёҳӣ дар замони коронавирусро эълон кард

CC BY 2.0 / Ninara / Hissar Fortress, Dushanbe, TajikistanТуристы в городе Гиссар в Таджикистане
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2021
Обуна шудан
Раиси Комитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз хисорати беш аз 174 миллион долларӣ дар бахши сайёҳии кишвар дар соли 2020 бар асари ҳамагирии корона хабар дод
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Форс, Тоҷиддин Ҷуразода раиси Комитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе ҷузиёти ин хисоратро шарҳ дод. 
Туристы в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2020
Кумитаи рушди сайёҳӣ: шумори гардишгарон хориҷӣ дар даврони пандемия ба маротиб коҳиш ёфт
Ҷуразода гуфт, ки дар солҳои гузашта даромади бахши сайёҳӣ 230 - 205 миллион доллар дар сол ё 2, 5 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилиро ташкил медод, аммо дар соли 2020 милодӣ ин шохис ба як дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ коҳиш ёфта ва 72, 6 миллион долларро ташкил додааст.  
"Дар натиҷаи пандемия, даромади ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, тарабхонаҳо ва муассисаҳои хӯроки умумӣ, инчунин аҳолӣ, ки ба сайёҳон хидмат мерасонанд, хеле коҳиш ёфтааст”, - афзуд Раиси Комитати рушди сайёҳии Тоҷикистон. 
Ҷуразода ҳамчунин гуфт, ки соли гузашта беш аз 410 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ бо аҳдофи мухталиф ворид Тоҷикистон шуданд, ки 909 ҳазор ва 100 нафар ё 69 дарсад камтар аз соли 2019 милодӣ будааст. 
Ба гуфтаи раиси Комитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар 224 ширкати гардишгарӣ фаъолият мекунанд ва ҳеч як аз онҳо дар соли 2020 бо вуҷуди давраи душвори пандемия ва коҳиш даромад, фаъолияти худро қатъ накардааст.
Лентаи хабарҳо
0