https://sputnik.tj/20210614/sanadi-istirdod-mujrimoni-eron-tojikiston-imzo-1040203463.html
Санади истирдоди муҷримони Эрон ва Тоҷикистон имзо шуд
Санади истирдоди муҷримони Эрон ва Тоҷикистон имзо шуд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини аввали раисҷумҳур мувофиқатномаи истирдоди муҷримони байни Эрон ва Тоҷикистон ва барқарории муқаррароти лағви раводиди мутақобил барои дорандагони шиносномаҳои оддии байни Эрону Ироқро тасдиқ кард кард
2021-06-14T13:30+0500
2021-06-14T13:30+0500
2021-06-14T15:01+0500
дар тоҷикистон
эрон
санад
осиёи марказӣ
имзо
истирдод
маҳбас
муҷрим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101320/18/1013201826_0:137:2359:1463_1920x0_80_0_0_3ba964a4dee1a155416fc95466899770.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Исҳоқи Ҷаҳонгир, муовини раисҷумҳури Эрон, аз тасвиби музокирот, имзои пешакӣ (ибтидоӣ) ва имзои муваққатии Протоколи иловагӣ ба созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба радиои тоҷикии Садои Хуросон.Дар ҷаласаи худ дар 9 июни соли 2021, бо пешниҳоди Вазорати додгустарии ин кишвар бо анҷоми музокира, пешимзо (ибтидоӣ) ва муваққатан ба имзо расонидани Протоколи иловагӣ ба созишномаи истирдоди муҷримон байни Эрон ва Тоикистон таҳти масъулияти Вазорати додгустарии Эрон мувофиқат кард.Бар ин асос, ин вазорат муҷоз аст бо ҳамоҳангии муовинати ҳуқуқии раиси ҷумҳурӣ (умури созишномаҳои байналмилалӣ) ва Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар ин хусус, иқдом ва мароҳили қонуниро то тасвиби ниҳоӣ пайгирӣ кунад.Ҳамчунин бо имзои муовини раиси Ҷумҳурии Эрон Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, тасвибномаи мавзӯи барқарории муқаррароти лағви раводиди мутақобил барои дорандагони шиносномаҳои оддӣ байни давлатҳои Эрон ва Ироқ иблоғ шуд.Ҳайати вазирони Эрон дар ҷаласаи 9 июн 2021 ба пешниҳоди Вазорати умури хориҷаи ин кишвар, бо барқарории муқаррароти лағви раводиди 45 -рӯза барои дорандагони шиносномаи оддӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳукумати Ҷумҳурии Ироқ ба шарти амали мутақобил мувофиқат кардааст.
https://sputnik.tj/20210602/rahimzoda-eron-bozdosht-jinoyatkoron-interpol-1039916396.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101320/18/1013201826_0:0:2359:1769_1920x0_80_0_0_3d52372d2a3878296b7e8c5ed0f82dfb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷҷикистон, эрон, санад, истирдод, имзо, ироқ
тоҷҷикистон, эрон, санад, истирдод, имзо, ироқ
Санади истирдоди муҷримони Эрон ва Тоҷикистон имзо шуд
13:30 14.06.2021 (Навсозишуда: 15:01 14.06.2021) Муовини аввали раисҷумҳур мувофиқатномаи истирдоди муҷримони байни Эрон ва Тоҷикистон ва барқарории муқаррароти лағви раводиди мутақобил барои дорандагони шиносномаҳои оддии байни Эрону Ироқро тасдиқ кард кард
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Исҳоқи Ҷаҳонгир, муовини раисҷумҳури Эрон, аз тасвиби музокирот, имзои пешакӣ (ибтидоӣ) ва имзои муваққатии Протоколи иловагӣ ба созишномаи истирдод байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Дар ҷаласаи худ дар 9 июни соли 2021, бо пешниҳоди Вазорати додгустарии ин кишвар бо анҷоми музокира, пешимзо (ибтидоӣ) ва муваққатан ба имзо расонидани Протоколи иловагӣ ба созишномаи истирдоди муҷримон байни Эрон ва Тоикистон таҳти масъулияти Вазорати додгустарии Эрон мувофиқат кард.
Бар ин асос, ин вазорат муҷоз аст бо ҳамоҳангии муовинати ҳуқуқии раиси ҷумҳурӣ (умури созишномаҳои байналмилалӣ) ва Вазорати умури хориҷаи Эрон, дар ин хусус, иқдом ва мароҳили қонуниро то тасвиби ниҳоӣ пайгирӣ кунад.
Ҳамчунин бо имзои муовини раиси Ҷумҳурии Эрон Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, тасвибномаи мавзӯи барқарории муқаррароти лағви раводиди мутақобил барои дорандагони шиносномаҳои оддӣ байни давлатҳои Эрон ва Ироқ иблоғ шуд.
Ҳайати вазирони Эрон дар ҷаласаи 9 июн 2021 ба пешниҳоди Вазорати умури хориҷаи ин кишвар, бо барқарории муқаррароти лағви раводиди 45 -рӯза барои дорандагони шиносномаи оддӣ байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳукумати Ҷумҳурии Ироқ ба шарти амали мутақобил мувофиқат кардааст.