ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилии кишвар бо намояндаи махсуси Амрико оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот намуд.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо масоили вазъи ноҳияҳои наздисарҳадӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар масоили мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, қайд карда шудааст, ки ҳамкории муштарак ва дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонад дар мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошад.
Гуфта шудааст, ки дар хотимаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Залмай Халилзод барои ҳарчӣ зудтар ба даст омадани сулҳи саросарӣ дар Афғонистон барору комёбиҳо таманно намуд.