https://sputnik.tj/20210614/gholiboni-musobiqai-baynalmilali-tennis-1040209273.html
Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис муайян шуданд
Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис муайян шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Ғолибони дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон– “Tajikistan Open-2021”, ки ки дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, муайян шуданд
2021-06-14T19:00+0500
2021-06-14T19:00+0500
2021-06-14T19:00+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ғолибон
теннис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102563/78/1025637840_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_55cf0b6638a3afca7269560d400c5ef7.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки он бо пирӯзии дастаҳои мунтахаби Россия ва Қазоқистон анҷом ёфт.Дар ин бора котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов ба шореҳи варзиши АМИТ "Ховар" Меҳрони Қурбон хабар дод."Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ миёни писарон Амирҳамза Насриддинов аз Россия ғолиб шуд. Ӯ дар мусобиқаи якуми “Tajikistan Open” низ пирӯз шуда буд. Ҷойи дуюм насиби варзишгар аз Қазоқистон Йердилда Йерассил гардид”, таъкид доштааст манбаъ. Инчунин Федератсияи тенниси Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар рақобати ҷуфти писарон Амирҳамза Насриддинов (Русия), Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) ҷои аввал, Иля Ведмед (Қазоқистон), Владислав Стругич (Белорус) ҷои дуюмро сазовор шуданд. Миёни духтарон Дарига Рустамова аз Қазоқистон ғолиб шуд. Ҷои дуюмро Омина Валихонова аз Ӯзбекистон ба даст овард.Дар рақобати ҷуфти духтарон Даря Гнейдина, Дарига Рустамова (Қазоқистон) мақоми аввал, Каракат Коилбаева, Дилноз Машабаева (Қазоқистон) мақоми дуюмро сазовор гардиданд. Дар дуюмин Мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open” 109 варзишгари ҷавон аз 13 давлат: Германия, Амрико, Британия, Словакия, Ҳиндустон, Русия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.
https://sputnik.tj/20200721/Iftitohi-kasri-tennis-va-majmaai-varzishi-ob-dar-poytakht-az-hisobi-bujeti-shahr-sokhta-shud-1031607923.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102563/78/1025637840_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_0e8711098ce2aec3dab3822bc772ded4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, теннис, мусобиқи, ғолибон, душанбе
тоҷикистон, теннис, мусобиқи, ғолибон, душанбе
Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис муайян шуданд
Ғолибони дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон– “Tajikistan Open-2021”, ки ки дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дуюмин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни ҷавонон дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки он бо пирӯзии дастаҳои мунтахаби Россия ва Қазоқистон анҷом ёфт.
Дар ин бора котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон Абдурасул Муҳиддинов ба шореҳи варзиши АМИТ "Ховар" Меҳрони Қурбон хабар дод.
"Дар қувваозмоиҳои инфиродӣ миёни писарон Амирҳамза Насриддинов аз Россия ғолиб шуд. Ӯ дар мусобиқаи якуми “Tajikistan Open” низ пирӯз шуда буд. Ҷойи дуюм насиби варзишгар аз Қазоқистон Йердилда Йерассил гардид”, таъкид доштааст манбаъ.
Инчунин Федератсияи тенниси Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар рақобати ҷуфти писарон Амирҳамза Насриддинов (Русия), Иссамҷон Шарифов (Тоҷикистон) ҷои аввал, Иля Ведмед (Қазоқистон), Владислав Стругич (Белорус) ҷои дуюмро сазовор шуданд. Миёни духтарон Дарига Рустамова аз Қазоқистон ғолиб шуд. Ҷои дуюмро Омина Валихонова аз Ӯзбекистон ба даст овард.Дар рақобати ҷуфти духтарон Даря Гнейдина, Дарига Рустамова (Қазоқистон) мақоми аввал, Каракат Коилбаева, Дилноз Машабаева (Қазоқистон) мақоми дуюмро сазовор гардиданд.
Дар дуюмин Мусобиқаи байналмилалии “Tajikistan Open” 109 варзишгари ҷавон аз 13 давлат: Германия, Амрико, Британия, Словакия, Ҳиндустон, Русия, Украина, Белорус, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд.