Ифтитоҳи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар пойтахт: аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ сохта шуд

© пресс-служба президента РТЭмомали Рахмон и Рустам Эмомали
Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе яке аз калонтарин маҷмааи варзишӣ буда, аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ бунёд гардид

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Новая эстакада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Гузашти худравҳо аз эстакадаи нави Душанбе, ки имрӯз ифтитоҳ шуд - 15 акс

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, дар саҳни ҳавлии маҷмаа Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз рӯи лавҳаи рамзӣ парда бардошта, ба фаъолияти ин иншооти муосири варзиш оғоз бахшиданд.

Бояд гуфт, ки Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе яке аз калонтарин маҷмааҳои варзиши мамлакат мебошад.

Маҷмааи варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  бунёд гардидааст.

Президент ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе ду иншооти навро дар пойтахт ифтитоҳ кард

Манбаъ меафзояд, корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони маҷмаа ҳанӯз соли 2012 оғоз ёфта, ҷараёни сохтмони он таҳти назорати бевоситаи сарвари давлат қарор дошт.

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, лоиҳаи онро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ростовгипрошахт"-и Федератсияи Русия таҳия намудааст.

Абдулло Рахнамо, политолог - Sputnik Тоҷикистон
Интихоби Рустами Эмомалӣ: аз суди сиёсию амниятӣ то интиқоли қудрату пайванди хешӣ

Дар маҷмааи варзишӣ беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Баробари ба истифода додани маҷмааи мазкур беш аз 200 нафар  бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Зимнан, Қасри намудҳои варзиши обӣ дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст ва баландии иншоот 27 метрро ташкил медиҳад.

 

Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола сар карда, то калонсолон метавонанд бо тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои чуқуриашон аз 0,7, 1,5, 3 то 6 метр мавҷуданд.

Лентаи хабарҳо
0