https://sputnik.tj/20210613/kushtor-mudhish-mahmadov-kudakonash-1040193350.html
Куштори мудҳиши Маҳмадов ва кӯдаконаш дар Ҷайҳун: феълан чӣ маълум аст?
Куштори мудҳиши Маҳмадов ва кӯдаконаш дар Ҷайҳун: феълан чӣ маълум аст?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти як рӯз аз сар задани ҳодиса, то ҳол расман онро шарҳ надодаанд
2021-06-13T13:44+0500
2021-06-13T13:44+0500
2021-06-13T13:45+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
куштор
ҷайҳун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101416/96/1014169682_0:429:2858:2037_1920x0_80_0_0_387a3fada2b2499672b2274a08feb742.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Оилаи Аҳлиддин Маҳмадов дар деҳаи Тарғоки ноҳияи Ҷайҳун ҳадафи ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтааст, ки дар натиҷа худи сарвари оила бо се кӯдакаш кушта шуданд. Модар ва духтари хонадон ҷароҳати сангини ҷисмонӣ бардоштаанд, хабар дод як сокини маҳаллӣ ба Sputnik Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, Маҳмадов ва фарзандонаш, соли таваллудашон 2007, 2008 ва 2010 кушта шуда, модару духтар зинда мебошанд. Таъкид шуд, ки ҳамаи қурбониён аз қисмати сар бо табар ё ашёи монанд ба он зарба хӯрдаанд. Гуфта мешавад, дар сурати ба забон омадани маҷруҳон пайдо кардани омилони ҷиноят метавонад осонтар шавад. Мақомот расман ин қазияро шарҳ надодаанд, танҳо таъкид мекунанд, ки феълан ҷустуҷӯи омилони ҷинояти мудҳиш идома дорад. Дар мавриди шахсияти Аҳлиддин Маҳмадов гуфта мешавад, ки чун сокинони дигари деҳа кишоварзӣ мекард.
https://sputnik.tj/20210602/ocha-shahzod-kushtu-ghamhor-vonamud-video-1039920324.html
ҷайҳун
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101416/96/1014169682_127:0:2858:2048_1920x0_80_0_0_0393ad6d2de29f7d402cc48176235d9f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
куштор, мудҳиш, мақомот,
Куштори мудҳиши Маҳмадов ва кӯдаконаш дар Ҷайҳун: феълан чӣ маълум аст?
13:44 13.06.2021 (Навсозишуда: 13:45 13.06.2021) Мақомоти Тоҷикистон бо гузашти як рӯз аз сар задани ҳодиса, то ҳол расман онро шарҳ надодаанд
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Оилаи Аҳлиддин Маҳмадов дар деҳаи Тарғоки ноҳияи Ҷайҳун ҳадафи ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифтааст, ки дар натиҷа худи сарвари оила бо се кӯдакаш кушта шуданд. Модар ва духтари хонадон ҷароҳати сангини ҷисмонӣ бардоштаанд, хабар дод як сокини маҳаллӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Маҳмадов ва фарзандонаш, соли таваллудашон 2007, 2008 ва 2010 кушта шуда, модару духтар зинда мебошанд. Таъкид шуд, ки ҳамаи қурбониён аз қисмати сар бо табар ё ашёи монанд ба он зарба хӯрдаанд. Гуфта мешавад, дар сурати ба забон омадани маҷруҳон пайдо кардани омилони ҷиноят метавонад осонтар шавад.
Мақомот расман ин қазияро шарҳ надодаанд, танҳо таъкид мекунанд, ки феълан ҷустуҷӯи омилони ҷинояти мудҳиш идома дорад.
Дар мавриди шахсияти Аҳлиддин Маҳмадов гуфта мешавад, ки чун сокинони дигари деҳа кишоварзӣ мекард.