"Оча бас, гуфтам": Писар чӣ гуна модарашро кушту худро фарзанди ғамхор вонамуд кард-видео

© Sputnik Машина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2021
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тафсилоти куштори як модарро ба дасти фарзанд дар ноҳияи Шаҳринав баён доштааст
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, куштори модари 53-сола 28 май дар ноҳияи Шаҳринав рух додаст. Ба иттилои манбаъ, муттаҳам дар ин ҷиноят писари 22-солаи ин модари марҳум мебошад.
Писари муттаҳам дар гузориши ВУД изҳор медорад, ки модар ӯро заду гуфт, ба милиса месупорад.
“Вақте мара зад, ман оча бас кун гуфтам, маро боз заду ба милиса медиҳам гуфту ҳақорат кард. Аз пушташ тоб хӯрдам аз гарданаш ҷиқидам, ки маро теле кард, дукаса ғалтидем ва ҳудуди 3,5 дақиқа қипадамашу баъд сар додам”, - изҳор дошт ҷавон дар навори нашркардаи ВУД.
Ӯ мегӯяд, баъд модарро дохили хона болои кат монду, либосҳояшро пӯшида, ба шаҳр рафт. .
Муттаҳам афзуд, вақте баргашт, модараш аллакай шох шуда буд ва ӯ давида ҳамсояҳоро фарёд кард ва модарро ба беморхона бурдааст. Ӯ тавҳеҳ дод, ки ин корро кард, то милисаҳо аз ӯ гумон набаранд.
Аммо ВУД Тоҷикистон мегӯяд, маъмурини милиса дар пайи таҳқиқ муайян намудаанд, ки соати 18:00 - и рӯзи 28 май, дар саҳни ҳавлӣ, миёни гумонбаршуда ва модари ӯ муноқишаи оилавӣ рух дод, ки дар натиҷа фарзанд модарашро аз роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонд.
Феълан муттаҳам дар боздошт буда, таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ идома дорад. Назари бевоситаи айбдоршаванда дар бораи ин ҳолат дастрас нест.
Лентаи хабарҳо
0