https://sputnik.tj/20210613/habsi-rahimov-napardohtani-qarz-imon-interneshnl-1040188820.html
Ҳабси Раҳимов барои напардохтани қарзи "Имон Интернешнл"
Ҳабси Раҳимов барои напардохтани қарзи "Имон Интернешнл"
Sputnik Тоҷикистон
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як ҷавони 33 – соларо ба ҷурми ғайриқонунӣ аз худ кардани қарзи “Имон Интернешнл” ба ду солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум кард
2021-06-13T10:42+0500
2021-06-13T10:42+0500
2021-08-10T14:43+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
қарор
қарздиҳӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101742/40/1017424052_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d4fbdc25834a8e5eaea609d220b0a49c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Додгоҳ Одилҷон Раҳимов, сокини 33-солаи кӯчаи Шодмонии шаҳри Душанберо барои напардохтани қарз ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард. Ба иттилои котиботи додгоҳ, Раҳимов 13 декабри 2017 аз филиали ташкилоти қарзии "Имон интернешнл" дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, барои таъмири автомашина ба муҳлати 36 моҳ бо меъёри 36,5 фоиз дар як сол 25 ҳазор сомонӣ қарзи бонкӣ гирифтаст. Бино ба ин манбаъ, тибқи маълумотномаи "Имон интернешнл" аз 22 январи 2021, маблағи қарзи Одилҷон Раҳимов ҷамъ 52 ҳазору 368 сомонӣ шудааст, ки аз ин 22 ҳазору 478 сомонӣ қарзи асосист ва боқимонда фоизу изофапулӣ барои саривақт иҷро накардани уҳдадорӣ мебошад. “Мавсуф бо маслиҳати пешакӣ бо Ҷонибек Аҳадов - намояндаи филиал - 25 ҳазор сомониро гирифта, маблағро бо ҳам тасарруф намудаанд. Намояндаи филиал барои қабули маълумоти таҳрифшудаи вазъи молиявии Одилҷон Раҳимов мусоидат намудааст. Судшаванда худро дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор ҳисобид”, - иттилоъ медиҳад манбаъ. Додгоҳ дар пайи баррасии аъмоли Одилҷон Раҳимов ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди 4 соли маҳрумият аз озодӣ дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр ва маҳрумият аз ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати ду сол таъин кард. Чораи пешгирӣ нисбати мавсуф забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат тағйир дода шуда, ӯ дар толори маҷлиси судӣ ба ҳабс гирифта шуд. Дафтари матбуоти додгоҳ афзудааст, ки бар асоси қонуни афв аз соли 2019 муҳлати сипаринашудаи ҷазои асосӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодии Одилҷон Раҳимов аз се як ҳисса кам карда шудааст. Сарнавишти Ҷонибек Аҳадов, намояндаи филиали “Имон Интернешнл” дар хабари суд дарҷ нагардидааст.
https://sputnik.tj/20210530/qarori-hukumat-milliardho-agroinvestbonk-tojiksodirotbonk-1039845366.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101742/40/1017424052_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_96b8aec7abdc92c2b6291c8d88deafc3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарз, ҳабс, раҳимов, додгоҳ, исмоили сомонӣ
қарз, ҳабс, раҳимов, додгоҳ, исмоили сомонӣ
Ҳабси Раҳимов барои напардохтани қарзи "Имон Интернешнл"
10:42 13.06.2021 (Навсозишуда: 14:43 10.08.2021) Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як ҷавони 33 – соларо ба ҷурми ғайриқонунӣ аз худ кардани қарзи “Имон Интернешнл” ба ду солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум кард
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Додгоҳ Одилҷон Раҳимов, сокини 33-солаи кӯчаи Шодмонии шаҳри Душанберо барои напардохтани қарз ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард.
Ба иттилои котиботи додгоҳ, Раҳимов 13 декабри 2017 аз филиали ташкилоти қарзии "Имон интернешнл" дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, барои таъмири автомашина ба муҳлати 36 моҳ бо меъёри 36,5 фоиз дар як сол 25 ҳазор сомонӣ қарзи бонкӣ гирифтаст.
Бино ба ин манбаъ, тибқи маълумотномаи "Имон интернешнл" аз 22 январи 2021, маблағи қарзи Одилҷон Раҳимов ҷамъ 52 ҳазору 368 сомонӣ шудааст, ки аз ин 22 ҳазору 478 сомонӣ қарзи асосист ва боқимонда фоизу изофапулӣ барои саривақт иҷро накардани уҳдадорӣ мебошад.
“Мавсуф бо маслиҳати пешакӣ бо Ҷонибек Аҳадов - намояндаи филиал - 25 ҳазор сомониро гирифта, маблағро бо ҳам тасарруф намудаанд. Намояндаи филиал барои қабули маълумоти таҳрифшудаи вазъи молиявии Одилҷон Раҳимов мусоидат намудааст. Судшаванда худро дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор ҳисобид”, - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Додгоҳ дар пайи баррасии аъмоли Одилҷон Раҳимов ба ӯ ҷазои ниҳоӣ дар намуди 4 соли маҳрумият аз озодӣ дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр ва маҳрумият аз ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати ду сол таъин кард. Чораи пешгирӣ нисбати мавсуф забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат тағйир дода шуда, ӯ дар толори маҷлиси судӣ ба ҳабс гирифта шуд.
Дафтари матбуоти додгоҳ афзудааст, ки бар асоси қонуни афв аз соли 2019 муҳлати сипаринашудаи ҷазои асосӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодии Одилҷон Раҳимов аз се як ҳисса кам карда шудааст. Сарнавишти Ҷонибек Аҳадов, намояндаи филиали “Имон Интернешнл” дар хабари суд дарҷ нагардидааст.