Дар Техас шахси номаълум 12 нафарро парронд

© AP / Mike GrollМашина скорой помощи в США, архивное фото
Машина скорой помощи в США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2021
Обуна шудан
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Дар иёлати Техаси ИМА марди ношинос ба сӯи одамон тирпарронӣ оғоз кард.
Ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи шанбе дар Остин рух дод.
"Кормандони Раёсати полиси Остин дар маркази шаҳр дар робита ба тирандозӣ кор мекунанд. Якчанд нафар захмӣ шудаанд", - омадааст дар гузориш.
Тибқи иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ дар Техас 12 нафар маҷрӯҳ шуданд. Тибқи иттилои хадамоти таъҷилии Остин, вазъи яке аз қурбониён вазнин аст.
То ҳол маълум аст, ки полис бо ҳамлагар ба тирпарронӣ гузаштаанд, аммо дар бораи боздошт ё нобудсозӣ ҳанӯз маълумот нест. Аз шаҳрвандони шаҳр хоҳиш карда мешавад, ки ба шаш кӯча наздик нашаванд.
Қаблан тирандозӣ дар Саванна, Ҷорҷия сурат гирифта буд. Дар натиҷаи фоҷиа, як нафар ҳалок, ҳашт нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки 12 июни соли 2016 дар Иёлоти Муттаҳида як фоҷиаи мудҳиш - қатли ом дар Орландои Флорида рух дод. Дар як клуби шабона, Умар Матини 29-сола 50 нафарро парронд ва 53 нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Ин мард аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кушта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0