https://sputnik.tj/20210612/elon-rohbandi-dushanbe-bda-1040177769.html
21 км дав барои СҲШ! Эълони боз як роҳбандӣ дар Душанбе
21 км дав барои СҲШ! Эълони боз як роҳбандӣ дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз як рӯзи маҳдудиятҳо дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои Душанбе хабар додааст
2021-06-12T14:08+0500
2021-06-12T14:08+0500
2021-06-12T16:16+0500
душанбе
бда
дави миллӣ
роҳбандӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/87/1022268788_0:50:2155:1262_1920x0_80_0_0_018875557658bb6ba8aa344a77b6d9bb.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Дар маркази матбуотии ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки маҳдудияти ҳаракат ба баргузории Дави байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе рабт дорад. Бино ба иттилои он, ин маҳдудиятҳо кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ Шерозӣ, чорраҳаи миёни кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ — Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, хиёбони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то майдони Исмоили Сомониро дарбар мегиранд. Дар ин робита аз сокинону меҳмонон ва ронандагон дар пойтахт хоҳиш мешавад, ки дар вақти баргузории Дави байнулмилалӣ аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд ва қоидаҳои харакат дар роҳро риоя намоянд. Қаблан котиботи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой хабар дода буд, ки ин чорабинӣ дар доираи раёсати Тоҷикистон дар созмони мазкур баргузор мешавад. Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метр буда, он дар доираи меъёрҳои байналмилалии зиддидоппингӣ ба роҳ андохта мешавад. Ин созмон мегӯяд, кишварҳои узви СҲШ варзишро василаи муҳими таъмини сулҳ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди устувор медонанду ҳамасола дар қаламрави созмон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил мешаванд. Аз ҷумла пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои баргузории ниммарафони байналмилалии СҲШ дар Душанбе низ аз сӯи ин созмон ҷонибдорӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20210608/dushanbe-mizbon-nimmarafon-baynalmilali-dushanbe-1040084343.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102226/87/1022268788_29:0:1944:1436_1920x0_80_0_0_527a1fcd681c26bf3869039390b35c5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон роҳбандӣ душанбе бда кӯчаҳо баста
эълон роҳбандӣ душанбе бда кӯчаҳо баста
21 км дав барои СҲШ! Эълони боз як роҳбандӣ дар Душанбе
14:08 12.06.2021 (Навсозишуда: 16:16 12.06.2021) Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои Душанбе хабар дод
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Дар маркази матбуотии ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки маҳдудияти ҳаракат ба баргузории Дави байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе рабт дорад.
"Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ва сокинони пойтахт тақозо мешавад, ки 13-уми июни соли 2021 аз соати 07:00 то 10:00 ба далели баргузор шудани Дави байналмилалӣ бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар соли 2021, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт маҳдуд карда мешавад", - гуфт ин манбаъ.
Бино ба иттилои он, ин маҳдудиятҳо кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, хиёбони Ҳофизи Шерозӣ Шерозӣ, чорраҳаи миёни кӯчаҳои Ҳофизи Шерозӣ — Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, хиёбони Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то майдони Исмоили Сомониро дарбар мегиранд.
Дар ин робита аз сокинону меҳмонон ва ронандагон дар пойтахт хоҳиш мешавад, ки дар вақти баргузории Дави байнулмилалӣ аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд ва қоидаҳои харакат дар роҳро риоя намоянд.
Қаблан котиботи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой хабар дода буд, ки ин чорабинӣ дар доираи раёсати Тоҷикистон дар созмони мазкур баргузор мешавад.
Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метр буда, он дар доираи меъёрҳои байналмилалии зиддидоппингӣ ба роҳ андохта мешавад.
Ин созмон мегӯяд, кишварҳои узви СҲШ варзишро василаи муҳими таъмини сулҳ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди устувор медонанду ҳамасола дар қаламрави созмон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил мешаванд.
Аз ҷумла пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон барои баргузории ниммарафони байналмилалии СҲШ дар Душанбе низ аз сӯи ин созмон ҷонибдорӣ шудааст.