Душанбе мизбони ниммарафони байналмилалӣ мешавад

© Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонМусобиқаи давандаҳо дар Тоҷикистон дар оғоз
Мусобиқаи давандаҳо дар Тоҷикистон дар оғоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Обуна шудан
Созмони ҳамкории Шанхай иттилоъ дод, ки имсол дар шаҳри Душанбе, ниммарафони байналмилалӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Созмони Ҳамкории Шанхай - СҲШ, рӯзи 13-уми июни соли равон, дар шаҳри Душанбе ниммарафони байналмилалӣ доир мегардад.
Ба иттилои котиботи СҲШ ин чорабинӣ, дар доираи раёсати Тоҷикистон дар созмони мазкур баргузор мешавад.
Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метр буда, он дар доираи меъёрҳои байналмилалии зиддидоппингӣ ташкил мешавад.
Таъкид шудааст, ки кишварҳои узви СҲШ варзишро василаи муҳими таъмини сулҳ, ҳамгироии иҷтимоӣ ва рушди устувор медонанду ҳамасола дар қаламрави созмон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ташкил мешаванд. Аз ҷумла пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро барои баргузории ниммарафони байналмилалии СҲШ дар Душанбе ҷонибдорӣ карданд.
Бокс, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2021
Беҳтарин варзишгарони соли 2020 аз нигоҳи мухлисони сомонаи "Варзиш"
Дарохостҳои иштирок дар ниммарафаони байналмилалии Душанбе аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Барои иттилои бештар котиботи СҲШ рақамҳои +992 37 236 2005 – ро пешниҳод кардааст.
Тоҷикистон соли равон раёсат дар СҲШ-ро ба уҳда дорад. Ин созмон имсол 20-солагияшро таҷлил мекунад.
Эъломияи ташкили СҲШ моҳи июни соли 2011 дар шаҳри Шанхай аз ҷониби шаш давлат – Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Чин имзо шуда буд. Соли 2017 Ҳинду Покистон низ узви комилҳуқуқи созмон шуданд. Дар кори созмон инчунин чор кишвари нозир – Эрон, Афғонистон, Белорус ва Муғлистон ширкат мекунанд. Кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри – Ланка шарикони муколамаи СҲШ ба шумор мераванд. Аз соли 2004 СҲШ нозири Ассамблеяи генералии СММ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0