https://sputnik.tj/20210612/davat-internet-javon-pusht-panjara-1040181257.html
5 солу 6 моҳ: даъвати интернетӣ боз як ҷавонро пушти панҷара бурд
5 солу 6 моҳ: даъвати интернетӣ боз як ҷавонро пушти панҷара бурд
Sputnik Тоҷикистон
Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як ҷавони 23 – соларо ба 5 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш пурзӯр кард
2021-06-12T16:52+0500
2021-06-12T16:52+0500
2021-08-10T14:43+0500
дар тоҷикистон
ҳукм
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_0:352:2300:1646_1920x0_80_0_0_da20ca1296ab4e5f69ba4517512c266e.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, Қудратулло Азизулло, мутаваллиди 2 майи 1997, сокини ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, оиладор, соҳиби як фарзанд ва муваққатан бекор буда, қаблан суд нашудааст. Ба иттилои манбаъ, алайҳи ӯ аз сӯи мақомоти тафтишоти пешакӣ аз рӯи моддаи 3071, қисми 2 – и Кодекси ҷинои Тоҷикистон - даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти эктремистӣ бо истифода аз шабакаи интернет айб эълон гардида буд.Дар маҷлиси судӣ судшаванда худашро пурра гунаҳгор шуморида, нишондодҳои дар рафти тафтиши пешакӣ додаашро пурра тасдиқ кард ва аз додани нишондод дар мурофиаи судӣ худдорӣ намуд. Қисми 2-и моддаи 3071 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол пешбинӣ намудааст. Манбаъ меафзояд, суд бо назардошти ҳолатҳои содиршавии ҷиноят, дараҷаи хавфнокии он, шахсияти судшаванда, рафтори ӯ ҳангом ва пас аз содир намудани ҷиноят ба назар гирифта, ӯро ба муҳлати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ равонаи зиндони низомаш пурзӯр кардааст. Дар гузашта низ судҳои Тоҷикистон як идда афродро барои даъват ба фаъолияти экстремистӣ тариқи интернет ва ҳатто лайк гузоштан зери матолиби интернетӣ ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кардаанд. Дар ин бора ки оё вакили дифоъи Қудратулло Азизулло ба ин ҳукм чӣ назар дорад, манбаъ иттилое пахш накардааст.
https://sputnik.tj/20210412/dodgoh-tojikiston-hukm-terrorist-1035666253.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_21:0:2300:1709_1920x0_80_0_0_cdce8cc582653db4141cf868e23d5682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват интернет ҷавон зиндон
даъват интернет ҷавон зиндон
5 солу 6 моҳ: даъвати интернетӣ боз як ҷавонро пушти панҷара бурд
16:52 12.06.2021 (Навсозишуда: 14:43 10.08.2021) Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як ҷавони 23 – соларо ба 5 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш пурзӯр кард
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Бино ба иттилои ин ниҳод, Қудратулло Азизулло, мутаваллиди 2 майи 1997, сокини ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, оиладор, соҳиби як фарзанд ва муваққатан бекор буда, қаблан суд нашудааст.
Ба иттилои манбаъ, алайҳи ӯ аз сӯи мақомоти тафтишоти пешакӣ аз рӯи моддаи 3071, қисми 2 – и Кодекси ҷинои Тоҷикистон - даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти эктремистӣ бо истифода аз шабакаи интернет айб эълон гардида буд.
Дар маҷлиси судӣ судшаванда худашро пурра гунаҳгор шуморида, нишондодҳои дар рафти тафтиши пешакӣ додаашро пурра тасдиқ кард ва аз додани нишондод дар мурофиаи судӣ худдорӣ намуд.
"Танҳо баён дошт, ки ӯ аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш кард, ки ҷавонии ӯро ба назар гирифта, нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад”, - иттилоъ медиҳад манбаъ.
Қисми 2-и моддаи 3071 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол пешбинӣ намудааст.
Манбаъ меафзояд, суд бо назардошти ҳолатҳои содиршавии ҷиноят, дараҷаи хавфнокии он, шахсияти судшаванда, рафтори ӯ ҳангом ва пас аз содир намудани ҷиноят ба назар гирифта, ӯро ба муҳлати 5 солу 6 моҳ аз озодӣ равонаи зиндони низомаш пурзӯр кардааст.
Дар гузашта низ судҳои Тоҷикистон як идда афродро барои даъват ба фаъолияти экстремистӣ тариқи интернет ва ҳатто лайк гузоштан зери матолиби интернетӣ ба мӯҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кардаанд.
Дар ин бора ки оё вакили дифоъи Қудратулло Азизулло ба ин ҳукм чӣ назар дорад, манбаъ иттилое пахш накардааст.