Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми маҳкумияти 119 "ихвонӣ"-ро эълон кард

© Sputnik / Шлей / Гузариш ба медиабонкТюрьма. Архивное фото.
Тюрьма. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Обуна шудан
Бар асоси ҳукми додгоҳи олии Тоҷикистон дар миёни маҳкумон танҳо ду нафар ба пардохти ҷаримаи молӣ ва бақия ба 5 то 23 соли зиндон маҳкум шудаанд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми маҳкумияти 119 нафарро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯаи Ихвонулмуслимин эълом кард.
Ба иттилои "Парс тудей", бар асоси ҳукми додгоҳи олии Тоҷикистон дар миёни маҳкумон танҳо ду нафар ба пардохти ҷаримаи молӣ ва бақия ба 5 то 23 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Дар ин миён Муҳамад Боюмӣ табаъаи Миср ва устоди риштаи забони арабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба унвони масъули ин гурӯҳ ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст.
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2020
Аз “Бародарони мусалмон” то ҲНИТ: боздошти 274 террорист дар Тоҷикистон дар шаш моҳ
Як табааи дигари Миср, ки ӯ низ устоди забони арабии Донишгоҳи Тоҷикистон будааст низ ба 7 сол зиндон маҳкум шудааст.
Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон бори нахуст дар моҳи январи 2020 аз шиносоии 314 ва боздошти 113 тан аз аъзоии Ихвонулмуслимин дар ин кишвар хабар доданд, ки бештари онон устодони забони арабии донишгоҳҳо ва донишкадаҳои давлатии Тоҷикистон буданд.
Фаъолияти гурӯҳи Ихвонулмуслимин дар Тоҷикистон бар асоси ҳукми додгоҳи олии ин кишвар ба унвони гурӯҳи террористӣ мамнӯъ аст ва дар 6 соли ахир теъдоди зиёде аз донишомӯхтагони донишгоҳи ал-Азҳари Миср дар Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳ боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
Бо ин ҳол маркази матбуоти додгоҳи олии Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҷузъиёти бештари ин парвандаро дар ояндаи наздики расонаӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0