Президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18 апрел бо як сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад. Сафари ӯ ба Тоҷикистон ду рӯз идома хоҳад ёфт

Тиҷорат, энергетика ва дӯстӣ: Тоҷикистону Ӯзбекистонро чӣ мепайвандад

Обуна шудан
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон бори дуввум ба ҳайси роҳбари давлат ба Тоҷикистон сафар кард. Имрӯзҳо муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар дар кадом сатҳ қарор доранд - дар тасвирбаён инъикос ёфтааст
Дар тӯли панҷ соли охир Тошканд ва Душанбе дар муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ як пешрафти воқеӣ карданд. Равобити ду кишвар рӯз аз рӯз беҳтар мегардад, савдо меафзояд ва мақомоти ҳар ду кишвар дар назди худ ҳадафҳои баланд мегузоранд.
Новобаста аз як соли душвори пандемия, сатҳи савдои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон се маротиба афзуда, ба ним миллиард доллар наздик шуд ва то охири соли 2021, кишварҳо ният доранд, ки ин рақамро ба 1 миллиард доллар расонанд.
Дар қаламрави Ӯзбекистон тақрибан 200 корхона бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва дар худи Тоҷикистон қариб 60 ширкати истеҳсолии бо сармояи Ӯзбекистон фаъолият доранд.
Кишварҳо лоиҳаҳои муштараки энергетикиро амалӣ мекунанд ва ният доранд, ки дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла транзитӣ, энергетика, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист фаъолона ҳамкорӣ намоянд.
Барои маълумоти бештар дар бораи таърих, имрӯз ва ояндаи муносибатҳои дуҷонибаи Тошканд ва Душанбе, ба тасвирбаёни Sputnik нигаред.
Лентаи хабарҳо
0