https://sputnik.tj/20210611/shirkathoi-havopaymo-arzon-biletro-1040162516.html
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ роҳҳои арзон шудани чиптаро шарҳ доданд
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ роҳҳои арзон шудани чиптаро шарҳ доданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки муҳоҷирони тоҷик аз дарёфти саривақтии билети бо нархи нисбатан арзон изҳор мекунанд, ширкатҳои ҳавопаймоӣ роҳҳои поён бурдани харҷи сафар ба Русияро шарҳ доданд
2021-06-11T17:25+0500
2021-06-11T17:25+0500
2021-06-11T17:45+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар тоҷикистон
муҳоҷират
ҳавопаймо
парвоз
арзон
чипта
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102101/59/1021015989_0:88:3071:1815_1920x0_80_0_0_5bed76b85c24f6e07f41f8c250b5b3e2.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Масъулони ширкатҳои ҳавопаймоӣ сабаби гарон будани билетро шарҳ дода, гуфтанд, ки роҳи поён бурдани нарх вуҷуд дорад. Як масъули ширкати ҳавопаймоии “Сибир” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, агар масъулони Ситоди мубориза бо COVID -19 ва Агентии авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон барои кашонидани мусофирон дар ду самт иҷоза диҳанд, қиммати билет то 40% ё 300 доллар поён хоҳад шуд. Масъулони ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъкид мекунанд, ки зимнан қимати сафар аз Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия ба Тошканди Ӯзбекистон дар муқоиса бо шаҳрҳои Тоҷикистон хеле арзон аст. Бино ба гуфтаи онҳо, ин ҳол аз кашонидани дутарафаи мусофирони ҳавопаймо аст, ки масъулин кишвари Ӯзбекистон роҳандозӣ намудаанд. Арзон будани қимати билет дар масири Русия – Ӯзбекистон, назар ба Русия – Тоҷикистонро муҳоҷирони тоҷик ҳам таъйид мекунанд. Файзиддин як мусофири тоҷик, ки ду рӯз қабл, санаи 9 июн тавассути Тошканд аз шаҳри Новосибирск ба кишвар баргаштааст, вақте фаҳмид, ки нархи сафар аз Душанбе дида, тавассути Тошканд ба маротиб арзон аст, ба ҳамин масир билети сафар харид. Ин ҳамсуҳбати мо ҳамчунин иброз намуд, ки дар ин сафар даҳҳо муҳоҷирони ҳамватанро дидааст, ки барои омадан ба кишвар тавассути Тошканд билети ҳавопаймо харидаанд. Ахиран роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки масъулияти расонидани муҳоҷирони тоҷик ба Русияро бар зимма гирифтаанд, хостори то 500 доллар поён бурдани қиммати билет шуд. Аммо тавре муҳоҷирон мегуянд, бо ин нарх бо мушкилӣ билети сафар дастрас мекунанд. Дар гузашта қиммати билети сафар аз Тоҷикистон ба Русия то 14 ҳазор сомонӣ дакка зада буд. Бархе дигар аз ширкатҳои ҳавопаймо ба баландшавии хизматрасонии фурудгоҳҳо дар Тоҷикистон ишора карда, мегӯянд, ки ин ҳам ба болоравии қимати билети ҳавопаймо бетаъсир намондааст. Дар ҳоли ҳозир, ширкатҳои ҳавонавардии “Северний ветер”, “Utair”, “Уралские авиалинии”, “Сибир”, “Икар”, “Азур Эйр” ва “Ямал” – мусофиринро тариқи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия интиқол медиҳанд. Ва танҳо ширкати “Сомон Эйр” ва "Ютейр" мусофиронро аз Русия ба Тоҷикистон мерасонанд. Мусофирон нархи сафар аз шаҳрҳои Русия ба Душанберо дар муқоиса бо Тошканд ва Бишкек ба маротиб гарон арзёбӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20210610/parvozho-rusiya-tojikiston-ruz-soat-1040143172.html
https://sputnik.tj/20210610/bozdosht-kormand-furudgoh-dushanbe-narh-chipta-1040137676.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102101/59/1021015989_210:0:2941:2048_1920x0_80_0_0_f519d25999f9e2414de0c436ac56b5a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ширкат, ҳавопаймо, билет, арзон, муҳоҷирони тоҷик, русия, тоҷикистон,
ширкат, ҳавопаймо, билет, арзон, муҳоҷирони тоҷик, русия, тоҷикистон,
Ширкатҳои ҳавопаймоӣ роҳҳои арзон шудани чиптаро шарҳ доданд
17:25 11.06.2021 (Навсозишуда: 17:45 11.06.2021) Дар ҳоле, ки муҳоҷирони тоҷик аз мушкили дастрасӣ ба чиптаҳои арзон мегӯянд, ширкатҳои ҳавопаймоӣ роҳҳои поён бурдани харҷи сафар ба Русияро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Масъулони ширкатҳои ҳавопаймоӣ сабаби гарон будани билетро шарҳ дода, гуфтанд, ки роҳи поён бурдани нарх вуҷуд дорад.
Як масъули ширкати ҳавопаймоии “Сибир” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, агар масъулони Ситоди мубориза бо COVID -19 ва Агентии авиатсияи гражданӣ дар Тоҷикистон барои кашонидани мусофирон дар ду самт иҷоза диҳанд, қиммати билет то 40% ё 300 доллар поён хоҳад шуд.
“Ҳоло ҳавопаймоҳо аз ҷумла ҳавопаймои “Сибир” аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон холӣ омада, аз ин ҷо ба Русия мусофир мерасонанд. Ин муқаррарот зимнан танҳо дар Тоҷикистон буда, дар дигар ҳамсоякишварҳо аз ҷумла Ӯзбекистон чунин нест. Аз сабаби он, ки кашонидани мусофирон яксамта аст, хароҷот зиёд ва нархи билет баланд аст”, - гуфт намояндаи ширкати “Сибир”.
Масъулони ширкатҳои ҳавопаймоӣ таъкид мекунанд, ки зимнан қимати сафар аз Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия ба Тошканди Ӯзбекистон дар муқоиса бо шаҳрҳои Тоҷикистон хеле арзон аст.
Бино ба гуфтаи онҳо, ин ҳол аз кашонидани дутарафаи мусофирони ҳавопаймо аст, ки масъулин кишвари Ӯзбекистон роҳандозӣ намудаанд. Арзон будани қимати билет дар масири Русия – Ӯзбекистон, назар ба Русия – Тоҷикистонро муҳоҷирони тоҷик ҳам таъйид мекунанд.
Файзиддин як мусофири тоҷик, ки ду рӯз қабл, санаи 9 июн тавассути Тошканд аз шаҳри Новосибирск ба кишвар баргаштааст, вақте фаҳмид, ки нархи сафар аз Душанбе дида, тавассути Тошканд ба маротиб арзон аст, ба ҳамин масир билети сафар харид.
“Нархи парвоз миёни Новсибирск – Тошканд 7 ҳазор рубли русӣ, аммо билети Новосибирск – Душанбе 37 ҳазор рубли русӣ, яъне 4 маротиба зиёд аст”, - гуфт мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон.
Ин ҳамсуҳбати мо ҳамчунин иброз намуд, ки дар ин сафар даҳҳо муҳоҷирони ҳамватанро дидааст, ки барои омадан ба кишвар тавассути Тошканд билети ҳавопаймо харидаанд.
Ахиран роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ, ки масъулияти расонидани муҳоҷирони тоҷик ба Русияро бар зимма гирифтаанд, хостори то 500 доллар поён бурдани қиммати билет шуд. Аммо тавре муҳоҷирон мегуянд, бо ин нарх бо мушкилӣ билети сафар дастрас мекунанд.
Дар гузашта қиммати билети сафар аз Тоҷикистон ба Русия то 14 ҳазор сомонӣ дакка зада буд. Бархе дигар аз ширкатҳои ҳавопаймо ба баландшавии хизматрасонии фурудгоҳҳо дар Тоҷикистон ишора карда, мегӯянд, ки ин ҳам ба болоравии қимати билети ҳавопаймо бетаъсир намондааст.
Дар ҳоли ҳозир, ширкатҳои ҳавонавардии “Северний ветер”, “Utair”, “Уралские авиалинии”, “Сибир”, “Икар”, “Азур Эйр” ва “Ямал” – мусофиринро тариқи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия интиқол медиҳанд. Ва танҳо ширкати “Сомон Эйр” ва "Ютейр" мусофиронро аз Русия ба Тоҷикистон мерасонанд. Мусофирон нархи сафар аз шаҳрҳои Русия ба Душанберо дар муқоиса бо Тошканд ва Бишкек ба маротиб гарон арзёбӣ мекунанд.