https://sputnik.tj/20210610/parvozho-rusiya-tojikiston-ruz-soat-1040143172.html
Афзоиши парвозҳои мустақими Русия ва Тоҷикистон: рӯз ва соат
Афзоиши парвозҳои мустақими Русия ва Тоҷикистон: рӯз ва соат
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Русия дар Тоҷикистон афзоиши парвозҳои мустақим миёни ду кишварро шарҳ дод
2021-06-10T18:38+0500
2021-06-10T18:38+0500
2021-06-10T18:45+0500
парвозҳои миёни русия ва тоҷикистон: хабарҳои охирин
дар тоҷикистон
парвоз
дар русия
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102883/30/1028833049_0:104:2786:1671_1920x0_80_0_0_be6b4e4c80ad1770b79624f0db4cdff9.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Аз 10 июн Русия шумораи парвозҳои мустақими миёни Маскав ва Душанберо зиёд кард. Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҷадвали парвозҳои мунтазами самти Маскав ва Душанберо шарҳ дод. Ба иттилои сафорат, интизор меравад, парвози чартерии Utair, ки рӯзи 12 июн дар назар аст, мақоми парвози мунтазам дода мешавад ва ширкати "Сомон Эйр" дар ҳамон рӯз парвози дуввуми мунтазами ҳафта хоҳад дошт. Ҳамин тавр, аз ҳафтаи оянда парвозҳои мунтазам тибқи ҷадвали зерин анҷом мешаванд: - аз фурудгоҳи (Внуково) рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе соати 22:00, - аз Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа соати 6:00 ба вақти маҳаллӣ. - аз Маскав (Домодедово) рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 11:50 ба вақти маҳаллӣ. Сафорат хотиррасон мекунад, шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, барои савор шудан ба ҳавопаймои самти Русия, бояд бо худ хулосаи тиббӣ дар бораи набуди бемории коронавирус ба забони русиро дошта бошанд. Шаҳрвандони Русия бошанд, ҳангоми ворид шудан ба Русия бо ворид кардани натиҷаҳои санҷиш ба Портали ягонаи хадамоти давлатӣ ва коммуналӣ (портали "Госуслуги") аз ташхиси дукарата ПТСР мегузаранд. Озмоиши аввал бояд дар тӯли се рӯз пас аз лаҳзаи вуруд ба Русия анҷом дода шавад, дуввум - дар давоми панҷ рӯз.Ёдовар мешавем, Русия парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро, ки моҳи марти соли гузашта дар робита ба пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, аз 1 апрел барқарор кард.Аммо, талабот ба сайёҳат дар ин масир аз пешниҳодот бамаротиб зиёд аст.“Зиёд мешавад”: ду парвози мунтазами дигар ба МаскавБояд гуфт, парвозҳои чартерӣ байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон ҳамоно сурат мегиранд. Ҳар рӯз тақрибан аз 8 то 10 ҳавопаймо дар ин хатсайрҳо парвоз мекунанд.Ҳоло 7 ширкати русӣ - “Северний ветер”, “Utair”, “Уралские авиалинии”, “Сибир”, “Икар”, “Азур Эйр” ва “Ямал” – мусофиринро тариқи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия интиқол медиҳанд.Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, шурӯъ аз 1 апрел то ба ҳол ҳудуди 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи ҳама гуна парвозҳо ба Русия интиқол ёфтаанд.Ҳарчанд парвозҳо мунтазам сурат мегиранд, вале нофаҳмиҳо дар мавриди арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ то ҳол мавҷуд аст. Хоҳишмандони сафар ба Русия аз гарону камчин будани чипта шикоят мекунанд.
https://sputnik.tj/20210610/rusiya-parvozho-tojikiston-afzoish-1040119643.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102883/30/1028833049_211:0:2576:1774_1920x0_80_0_0_eb8c03f6b472342c2cffccda9ff3480c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
парвозҳо, тоҷикистон, русия. ҷадвали парвозҳо,
парвозҳо, тоҷикистон, русия. ҷадвали парвозҳо,
Афзоиши парвозҳои мустақими Русия ва Тоҷикистон: рӯз ва соат
18:38 10.06.2021 (Навсозишуда: 18:45 10.06.2021) Сафорати Русия дар Тоҷикистон афзоиши парвозҳои мустақим миёни ду кишварро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Аз 10 июн Русия шумораи парвозҳои мустақими миёни Маскав ва Душанберо зиёд кард.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон ҷадвали парвозҳои мунтазами самти Маскав ва Душанберо шарҳ дод.
"Тибқи қарори мақомоти салоҳиятдори Русия ва Тоҷикистон аз 10 июн, басомади парвозҳои мунтазам байни Маскав ва Душанбе то ду парвоз барои Utair дар як ҳафта ва ду парвоз дар ҳафта барои "Сомон Эйр" афзоиш дода мешавад", - омадааст дар хабарномаи ниҳоди зиддахл.
Ба иттилои сафорат, интизор меравад, парвози чартерии Utair, ки рӯзи 12 июн дар назар аст, мақоми парвози мунтазам дода мешавад ва ширкати "Сомон Эйр" дар ҳамон рӯз парвози дуввуми мунтазами ҳафта хоҳад дошт.
Ҳамин тавр, аз ҳафтаи оянда парвозҳои мунтазам тибқи ҷадвали зерин анҷом мешаванд:
Парвозҳои UTair - UT803 / 804 дар масири Маскав - Душанбе - Маскав:
- аз фурудгоҳи (Внуково) рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбе соати 22:00,
- аз Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва ҷумъа соати 6:00 ба вақти маҳаллӣ.
"Сомон Эйр" - парвози SZ201 / 202 дар масири Душанбе - Маскав - Душанбе:
- парвоз аз Душанбе рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 8:00
- аз Маскав (Домодедово) рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 11:50 ба вақти маҳаллӣ.
Сафорат хотиррасон мекунад, шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро надоранд, барои савор шудан ба ҳавопаймои самти Русия, бояд бо худ хулосаи тиббӣ дар бораи набуди бемории коронавирус ба забони русиро дошта бошанд.
Шаҳрвандони Русия бошанд, ҳангоми ворид шудан ба Русия бо ворид кардани натиҷаҳои санҷиш ба Портали ягонаи хадамоти давлатӣ ва коммуналӣ (портали "Госуслуги") аз ташхиси дукарата ПТСР мегузаранд.
Озмоиши аввал бояд дар тӯли се рӯз пас аз лаҳзаи вуруд ба Русия анҷом дода шавад, дуввум - дар давоми панҷ рӯз.
Ёдовар мешавем, Русия парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро, ки моҳи марти соли гузашта дар робита ба пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, аз 1 апрел барқарор кард.
Аммо, талабот ба сайёҳат дар ин масир аз пешниҳодот бамаротиб зиёд аст.
Бояд гуфт, парвозҳои чартерӣ байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон ҳамоно сурат мегиранд. Ҳар рӯз тақрибан аз 8 то 10 ҳавопаймо дар ин хатсайрҳо парвоз мекунанд.
Ҳоло 7 ширкати русӣ - “Северний ветер”, “Utair”, “Уралские авиалинии”, “Сибир”, “Икар”, “Азур Эйр” ва “Ямал” – мусофиринро тариқи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия интиқол медиҳанд.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, шурӯъ аз 1 апрел то ба ҳол ҳудуди 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи ҳама гуна парвозҳо ба Русия интиқол ёфтаанд.
Ҳарчанд парвозҳо мунтазам сурат мегиранд, вале нофаҳмиҳо дар мавриди арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ то ҳол мавҷуд аст. Хоҳишмандони сафар ба Русия аз гарону камчин будани чипта шикоят мекунанд.