https://sputnik.tj/20210611/raisjumhur-faronsa-shappot-habs-1040157514.html
Марде, ки раисҷумҳури Фаронсаро шаппотӣ зад, чаҳор моҳ ҳабс шуд
Марде, ки раисҷумҳури Фаронсаро шаппотӣ зад, чаҳор моҳ ҳабс шуд
Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳ Дамиан Тарелро, ки бо шаппотӣ задани президенти Фаронса дар тамоми ҷаҳон машҳур шуд, барои 4 моҳ ҳабс шуд
2021-06-11T14:50+0500
2021-06-11T14:50+0500
2021-06-11T15:10+0500
дар ҷаҳон
ҳабс
зиндон
маҳкум
фаронса
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_0:352:2300:1646_1920x0_80_0_0_da20ca1296ab4e5f69ba4517512c266e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Дамиан Тарел, шаҳрванди Фаронса, ки рӯзи 8 июн Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронсаро шаппотӣ зад, аз сӯи додгоҳ ба 18 моҳи зиндон маҳкум шуд.Тибқи иттилои РИА Новости номбурда 4 моҳро дар ҳабс пушти сар мекунад ва 14 моҳи дигар шартан дар озодӣ мемонад. Моддае, ки Тарел бар асоси он муҳокима шуд, то 3 соли зиндон ва ё ҷаримаро пешбинӣ мекунад.Ҳодисаи шаппотӣ задани Эммануэл Макрон дар ҷанубу шарқи Фаронса рух дод. Макрон назди ҳаводоронаш баромад. Он лаҳза Тарели 28-сола, ки миёни мардум буд, президентро шаппотӣ зад. Тарел дар додгоҳ гуфт, аз кардааш пушаймон нест. Вай ҳамчунин дар додгоҳ гуфтааст, ки Макрон "кишварро заиф" месозад. Бояд қайд кард, ки Макрон ба ин ҳодиса аҳамияти чандон зиёде надода, таъкид доштааст, мулоқотҳояшро бо интихобкунандагон идома медиҳад. Бархе аз сиёсатмадорони фаронсавӣ, аз ҷумла рақибони Макрон ҳодисаи шаппотӣ задани ӯро маҳкум карданд.
https://sputnik.tj/20210608/mard-prezident-faronsaro-shappoti-video-1040087083.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102413/96/1024139639_21:0:2300:1709_1920x0_80_0_0_cdce8cc582653db4141cf868e23d5682.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фаронса, мард, маҳкум, зиндон, макрон, шаппотӣ
фаронса, мард, маҳкум, зиндон, макрон, шаппотӣ
Марде, ки раисҷумҳури Фаронсаро шаппотӣ зад, чаҳор моҳ ҳабс шуд
14:50 11.06.2021 (Навсозишуда: 15:10 11.06.2021) Додгоҳ Дамиан Тарелро, ки бо шаппотӣ задани президенти Фаронса дар тамоми ҷаҳон машҳур шуд, барои 4 моҳ ҳабс шуд
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Дамиан Тарел, шаҳрванди Фаронса, ки рӯзи 8 июн Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронсаро шаппотӣ зад, аз сӯи додгоҳ ба 18 моҳи зиндон маҳкум шуд.
Тибқи иттилои
РИА Новости номбурда 4 моҳро дар ҳабс пушти сар мекунад ва 14 моҳи дигар шартан дар озодӣ мемонад.
Моддае, ки Тарел бар асоси он муҳокима шуд, то 3 соли зиндон ва ё ҷаримаро пешбинӣ мекунад.
Ҳодисаи шаппотӣ задани Эммануэл Макрон дар ҷанубу шарқи Фаронса рух дод. Макрон назди ҳаводоронаш баромад. Он лаҳза Тарели 28-сола, ки миёни мардум буд, президентро шаппотӣ зад. Тарел дар додгоҳ гуфт, аз кардааш пушаймон нест. Вай ҳамчунин дар додгоҳ гуфтааст, ки Макрон "кишварро заиф" месозад.
Бояд қайд кард, ки Макрон ба ин ҳодиса аҳамияти чандон зиёде надода, таъкид доштааст, мулоқотҳояшро бо интихобкунандагон идома медиҳад.
Бархе аз сиёсатмадорони фаронсавӣ, аз ҷумла рақибони Макрон ҳодисаи шаппотӣ задани ӯро маҳкум карданд.