Наҷоти духтарчаи 9- сола аз рӯди Сир: дар ҷойи мамнӯъ вориди об шуд

© Sputnik / Александр Пирагис / Гузариш ба медиабонкУчения спасательного отряда в водоеме, архивное фото
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2021
Обуна шудан
Наҷотбахшон як духтари 9-солаи дар ҳоли ғарқшавӣ қарордоштаро аз рӯди Сир берун оварданд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд духтараки 9-солаи ғарқшударо аз дарёи Сир берун оварданд.
Бино ба гузориши котиботи ин ниҳод, ҳодиса як рӯз пеш, 10 июн дар шаҳри Хуҷанд дар пайи беназоратии волидон рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, сокини 9-солаи деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар рӯди Сир дар маконе шиноварӣ намуд, ки оббозӣ дар он ҷо комилан манъ аст.
Наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, ки дар соҳили дарё шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекарданд, ҳодисаро тавассути дурбин дида, зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.
Гуфта мешавад, бо баровардан аз об ба духтарча ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуд.
Город Худжанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2021
Дар Суғд ду наврас аз марг наҷот ёфтанд
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз меҳмонон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар мавсими оббозӣ аз эҳтиёт кор гиранд ва дар маконҳое, ки барои шиноварӣ тавсия дода намешавад, дохили об нашаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ду рӯзи истироҳатии ҳафтаи гузашта 5 нафар бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд, ки 3 нафари онҳо кӯдакон ҳастанд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 6 июн ду хоҳари 15 ва 11- сола, сокинони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Сир ғарқ шуданд.
Худи ҳамон рӯз, дар шаҳри Норак як кӯдаки 5 - сола дар дарёи Вахш ғарқ гардид.
Ҳамчунин ду сокини 19 ва 33 - солаи Варзобу Бадахшон низ дар рӯзҳои истироҳатӣ ғарқи дарё шуданд.
Лентаи хабарҳо
0