https://sputnik.tj/20210608/sughd-navras-marg-najot-1040071205.html
Дар Суғд ду наврас аз марг наҷот ёфтанд
Дар Суғд ду наврас аз марг наҷот ёфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Наврасон, ки сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд, рӯзи 7 июн дар рӯди Сир дар маконе шиноварӣ намуданд, ки барои оббозӣ комилан манъ аст.
2021-06-08T10:37+0500
2021-06-08T10:37+0500
2021-06-08T10:42+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
суғд
наҷот
оббозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170043_0:84:1597:982_1920x0_80_0_0_0950451a4b9802c4b873ee6f9cfb5a07.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд ду ноболиғи 10 ва 14 - сола аз марг наҷот ёфтанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.Ба иттилои манбаъ, наврасон, ки сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд, рӯзи 7 июн дар рӯди Сир дар маконе шиноварӣ намуданд, ки барои оббозӣ комилан манъ аст.Ноболиғон фавран аз ҷониби навбатдорони ин ниҳод наҷот дода шуданд.Пас аз берун овардани наврасон аз дохили об, дар ҷойи ҳодиса ба онҳо кумаки аввалия расонида шуд ва зарурати интиқол додани онҳо ба бемористон мавҷуд набуд.Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз меҳмонон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар мавсими оббозӣ аз эҳтиёт кор гиранд ва дар маконҳое, ки барои шиноварӣ тавсия дода намешавад, дохили об нашаванд.Ёдовар мешавем, ки дар ду рӯзи истироҳатӣ 5 нафар бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд, ки 3 нафари онҳо кӯдакон ҳастанд.Ҳамин тариқ, рӯзи 6 июн ду хоҳари 15 ва 11- сола, сокинони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Сир ғарқ шуданд. Худи ҳамон рӯз, дар шаҳри Норак як кӯдаки 5 - сола дар дарёи Вахш ғарқ гардид.Ҳамчунин ду сокини 19 ва 33 - солаи Варзобу Бадахшон низ дар рӯзҳои истироҳатӣ ғарқи дарё шуданд.
https://sputnik.tj/20210513/navras-tojik-rusiya-najot-maktabhon-gharq-1039418748.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/09/1035170043_89:0:1509:1065_1920x0_80_0_0_fd4bd3e99e9d51bee6755c25d1fa8191.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, оббозӣ, навҷот, наврас
суғд, оббозӣ, навҷот, наврас
Дар Суғд ду наврас аз марг наҷот ёфтанд
10:37 08.06.2021 (Навсозишуда: 10:42 08.06.2021) Ин ду наврас, ки яке 10 ва дигаре 14 - сола аст, дар ҷойи барои шиноварӣ мамнӯъ машғули оббозӣ буданд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд ду ноболиғи 10 ва 14 - сола аз марг наҷот ёфтанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ба иттилои манбаъ, наврасон, ки сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд, рӯзи 7 июн дар рӯди Сир дар маконе шиноварӣ намуданд, ки барои оббозӣ комилан манъ аст.
Ноболиғон фавран аз ҷониби навбатдорони ин ниҳод наҷот дода шуданд.
Пас аз берун овардани наврасон аз дохили об, дар ҷойи ҳодиса ба онҳо кумаки аввалия расонида шуд ва зарурати интиқол додани онҳо ба бемористон мавҷуд набуд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз меҳмонон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар мавсими оббозӣ аз эҳтиёт кор гиранд ва дар маконҳое, ки барои шиноварӣ тавсия дода намешавад, дохили об нашаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ду рӯзи истироҳатӣ 5 нафар бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд, ки 3 нафари онҳо кӯдакон ҳастанд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 6 июн ду хоҳари 15 ва 11- сола, сокинони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Сир ғарқ шуданд.
Худи ҳамон рӯз, дар шаҳри Норак як кӯдаки 5 - сола дар дарёи Вахш ғарқ гардид.
Ҳамчунин ду сокини 19 ва 33 - солаи Варзобу Бадахшон низ дар рӯзҳои истироҳатӣ ғарқи дарё шуданд.